МИННАТДОРИИ СОКИНОНИ КӮЧАИ М.НАЗАРШОЕВ

Сентябрь 2, 2009 10:19

               Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Васоити иттилоотии кишвар дар расидагӣ ба мушкилоти мардум хизмати баҳснопазир доранд. Ин арҷгузорӣ баъди Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вокуниши соҳибмансабон ба мақолаҳои танқидӣ аз 7 –уми феврали соли 2009 раванди тоза пайдо кард,- иброз дошт коршинос Собири Абдуваҳҳоб.                Сокинони кӯчаи Моёншо Назаршоеви пойтахти кишвар дар давоми 5 сол аз надоштани барқ ба тамоми идораю муассиса ва вазоратҳои марбута шикоят бурда бошанд ҳам, ба натиҷае нарасиданд.                 Соли ҷорӣ баъд аз нашри фармони мазкур дар бораи вокуниши мансабдорон ба мақолаҳои танқидӣ, дастгирии раиси нави ноҳияи Шоҳмансур Фатҳулло Бӯриев, чопи як мақола дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» ва як хабари интернетии АМИТ«Ховар» сокинони кӯчаи М. Назаршоев тавассути трансформатори харидаи худ соҳиби барқ шуданд. Сокинони кӯчаи мазкур, нисбати воситаҳои иттилотӣ , ки дар мушкилоти 5 – солаи онҳо дасти кӯмак дароз кардаанд, миннатпазирии худро изҳор намуданд. 

Сентябрь 2, 2009 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад