МОДАР ДУХТАРИ ХУДРО БА ҶИНОЯТ ҶАЛБ КАРД
Суғд, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ). – Аз прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров, прокурор, мушовири адлияи дараҷаи якум Ёқубҷон Рӯзиев, оид ба ҷиноятҳои содир кардаи Норинисо Усмонова хабар дод. Тибқи маълумот ҷинояткор, ҳамчун нозир хазинадори оҷонсии бонки давлатии амонатгузории ҶТ ноҳияи мазкур зиёда аз 600 адад дафтарчаҳои нафақагириро бо мақсади аз худ намудани нафақаи шаҳрвандон дар ҳуҷраи кории худ нигоҳ доштааст. Ӯ зиёда аз 67 ҳазор сомониро аз худ карда ба дафтарчаҳои нафақагирӣ имзои сохтакоронаи худро мондааст. Инчунин ӯ духтари худ Нигина Усмоноваро ба ин кор ҷалб кардааст. Ҳангоми тафтишот маълум шуд, ки гӯё нафақаи соли 2009 – ро пурра пардохт намудааст. Мувофиқи санади тартибдодаи мутахассисони бонки мазкур маълум гардид, ки то моҳи августи соли ҷорӣ нафақаи 711 нафар шаҳрвандонро ба маблағи 68 ҳазору 872 сомонӣ аз худ кардааст. Нисбати ин воқеа парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






