МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ЭҲТИРОМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Сентябрь 24, 2009 16:51

                 Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). – 23 сентябр намояндагони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бори дуюм дар Душанбе масъалаҳои марбут ба эҳтироми ҳуқуқи инсонро мавриди баррасӣ қарор доданд.                 Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот таҳти роҳбарии муовини аввали вазири адлия Азизмат Имомов ширкат варзид. Ба ҳайати Тоҷикистон инчунин ваколатдори масъалаҳои ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти суд ва ғайра шомил буданд. Ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо сафири Шветсия дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон Ян Аксел Нордландер роҳбарӣ мекард.                  Намояндагони Тоҷикистон ин дафъа хабар доданд, ки дар мамлакат шароити буду боши маҳбусон дар ҳабсхонаҳо беҳтар гардида, барои муносибатҳои таҳқиромез ва ғайриинсонӣ ҷазо муқаррар намуда, лату кӯб, азобу шиканҷа ва ҷазои қатл манъ карда, принсипҳои озодии имон ва андеша, озодии баёни фикр, ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқи бачагон ва занон риоя карда мешаванд. Ҳайати Иттиҳоди Аврупо аз таъин гардидани ваколатдори масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.                    Паймон карда шуд, ки машварати навбатӣ фасли тирамоҳи соли 2010 гузаронида шавад. 

Сентябрь 24, 2009 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд