МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Гурӯҳи кории муштараки Раёсати муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия 25 сентябр дар доираи маҷлиси чоруми гурӯҳи кории ҳар ду мамлакат бо омӯзгорон ва талабагони Омӯзишгоҳи ҳунарҳои техникии № 30 шаҳри Душанбе мулоқот карда, бо шароити зиндагӣ ва таҳсили талабагони он шинос гардиданд. Хабар дода мешавад, ки талабагони омӯзишгоҳ касбу ҳунарҳои дуредгарӣ, кандакории чӯб, челонгари газу барқ, кафшергар ва ғайраро меомӯзанд. Тавре ки маълум аст, дар шароити имрӯза талабот ба касбҳои мазкур хеле калон мебошад. Муовини директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Анатолий Кузнецов ба омӯзгорони омӯзишгоҳ ва намояндагони Вазорати маорифи Тоҷикистон тавсия дод, ки муносибатҳои хамкориро бо корхонаю ширкатҳои Русия барои бо коргарони мутахассис таъмин намудани корхонаҳо ва идораи ҷараёни муҳоҷирати коргарон вусъат диҳанд. Қайд карда шуд, ки корхонаю ширкатҳои Русия ба омӯзишгоҳ барои таъминоти техникӣ ва омода сохтани кадрҳои мутахассис ва таҷрибаомӯзии онҳо дар Федератсияи Русия мусоидат карда метавонанд. А.Кузнецов изҳор намуд, ки касбу ҳунарҳои дар омӯзишгоҳ омӯхташаванда барои корхонаҳои Федератсияи Русия ниҳоят зарур мебошанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






