МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО САФИРИ НАВИ ИМА
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз бо сафири нави ИМА Кеннет Гросс мулоқот кард. Сафири ИМА ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро супорид. Сипас зимни сӯҳбат маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории ҳар ду кишвар муҳокима шуданд. Қайд карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Амрико дар доираи созмонҳои байналхалқӣ густариш дода хоҳад шуд. Таъкид карда шуд, ки барои густариши равобити ҳамкорӣ бояд гуфтушунидҳои сиёсӣ мунтазам гузаронида ва ҳайатҳои ҳар ду кишвар бештар ба мамлакатҳои ҳамдигар сафар кунанд. Кеннет Гросс аз номи ҳукумати мамлакаташ ба Тоҷикистон барои мусоидат ба таъминоти қувваҳои низомии байналхалқӣ дар Афғонистон бо маводи зарурӣ ва ба эътидол овардани вазъияти ин мамлакат изҳори сипос намуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






