МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ОМӮЗГОРОН

Сентябрь 1, 2009 07:58

                 Қӯрғонтеппа, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Соотиев). — Рӯзи шанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа конфронси омӯзгорони мактабҳои вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар он раиси вилоят Ғайбулло Авзал сухан кард. Қайд карда шуд. ки омӯзгорони мактабҳои вилоят дар тарбияи насли наврас саҳми калон мегузоранд.                  Соли гузашта талабагони баъзе мактабҳои вилоят дар озмунҳо ва мусобиқаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд. Аз ин ҷумла, чор нафар соҳиби медалҳои тилло шуданд.                  Раиси вилоят диққати иштирокчиёни конфронсро ба масъалаи тайёр кардани мактабҳо ба фаслҳои тирамоҳу зимистон ҷалб намуда, баъзе мактабҳоро барои сари вақт захира накардани ангишт ва ҳезум танқид кард.                  Дар конфронс вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Сентябрь 1, 2009 07:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд