МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ ХАДАМОТИ МАХСУСИ ИДМ ДАР ҚАЗОҚИСТОН
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Маҷлиси 27 –уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои ИДМ аз 23 то 25 сентябр дар шаҳри Оқтови Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад. Дар маҷлис тадбирҳои вусъат додани хамкорӣ дар мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ ва зуҳуроти дигари зӯроварии ифротӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Иштирокчиёни маҷлис ҷараёни иҷрои барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки тақвияти муборизаро ба муқобили ҷиноят дар давраи солҳои 2008 – 2010 ва баъзе масъалаҳои марбут ба такмили фаъолияти Маркази зиддитеррористии ИДМ — ро муҳокима мекунанд. Ба маҷлис намояндагони хадамоти махсуси Олмон, Испания, Италия ва Фаронса ҳамчун мушоҳид даъвати шудаанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






