МУНОСИБАТҲОИ ИРОҚ ВА СУРИЯ ТЕЗУ ТУНД ГАРДИД
Бағдод, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Агентии иттилоотии Би — Би — Си хабар дод, ки Ироқ рӯзҳои охир муҳофизати сарҳадашро бо Сурия пурзӯр намуд. Дар сарҳади Ироқ қувваҳои иловагии низомӣ ва политсия ҷой дода мешаванд. Дар ин бора Сарвазири мамлакат Нурии Маликӣ фармон имзо кардааст. Бағдод Димишқро ба паноҳгоҳ додани силоҳбадастон гунаҳкор менамояд. Даъво карда мешавад, ки гурӯҳҳои силоҳбадаст аз қаламрави Сурия маҳалҳои наздисарҳадии Ироқро ҳадафи ҳуҷуми мушакҳо қарор медиҳанд. Мақомоти Ироқ даъво доранд, ки амалиёти террористии чанд рӯз пеш дар Бағдод ба амаломада бо супориши Сурия анҷом дода шуданд. Дар Сурия ба иҷрокунандагони онҳо 10 ҳазор долларӣ мукофот дода шудааст. Тавре хабар дода шуда буд, 19 август дар маҳалҳои гуногуни шаҳри Бағдод паи ҳам ду мошин тарконда шуд. Дар натиҷа қариб сад нафар кушта ва бештар аз 1200 нафар маҷрӯҳ гардид. Ҳукумати Сурия ҳамаи даъвоҳои Ироқро рад карда, онҳоро беасос меномад. Президенти мамлакат Башор Асад изҳор намуд, ки даъвоҳои Ироқ аз ҷиҳати сиёсӣ ва ахлоқӣ ягон асоси воқеӣ надоранд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






