МУОВИНИ САРДОРИ ХАДАМОТИ РАЗВЕДКАИ АФҒОНИСТОН КУШТА ШУД
Кобул, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Дирӯз як нафар террористи фидоӣ дар шаҳри Меҳтарлом якчанд мошини пур аз маводи таркандаро бо мансабдорони баландпояи ҳукуматӣ тарконд. Дар ин бора Агентии иттилоотии Ассошиэйтед Пресс хабар дод. Тибқи хабари агентӣ, гурӯҳи мансабдорои ҳукуматӣ барои иштирок дар маросими ифтитоҳи масҷиди нави шаҳр ба Меҳтарлом омад. Қабл аз оғози ҷамъомад ногаҳон таркиши шадид рух дод, ки дар натиҷаи он якчанд мошин ҳамроҳи саворонашон, аз ҷумла, муовини сардори хадамоти миллии амнияти Афғонистон Абдулло Лағмонӣ несту нобуд гардиданд. Ҷунбиши «Толибон» масъулияти ин амали террористиро ба зиммаи худ гирифт. Аз рӯи хабари политсия, бар асари ин амалиёт 23 нафар ҳалок гардид. Инчунин дирӯз шахсони номаълум дар пойтахти Покистон мошини вазири масъалаҳои дини Афғонистон Ҳомид Сайёд Казмиро тирборон карданд. Вазир дар натиҷа сахт маҷрӯҳ шуд. Тафсилоти дигари воқеа хабар дода нашудааст.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






