МУСОБИҚА ДАВОМ ДОРАД

Сентябрь 24, 2009 11:30

                Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз Федератсияи бокси тахассусии Федератсияи Русия хабар доданд, ки варзишгари тоҷик, боксчии маъруф Соҳиб Усаров 2 октябр дар саҳнаи клуби «Монреал» — и шаҳри Маскав барои ба даст овардани унвони қаҳрамони варзиши бокс аз рӯи фарзияи Федератсияи бокси Аврупо дар вазни сабуктарин бо варзишгари Русия Александр Фёдоров қувваозмоӣ мекунад.                Хабар дода мешавад, ки Соҳиб Усаров дар вазни сабуктарин қаҳрамони бокси Русия мебошад. Ӯ аз соли 2006 сар карда, бо боксчиёни касбӣ қувва меозмояд.                Ҳарифи С.Усаров Александр Фёдоров дар вазнҳои нисбатан калонтар қаҳрамони варзиши Русия гардида, нисбат ба варзишгари тоҷик таҷрибаи калон дорад. Ӯ дар чандин мусобиқаҳои байналхалқӣ дар Аврупо ва Амрико ширкат варзидааст.

Сентябрь 24, 2009 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид