Н.НАЗАРБЕКОВА: «МАҲСУЛОТИ МО ТОЗА ВА ТАБИИСТ»

Сентябрь 11, 2009 17:10

               Душанбе, 11cентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» яке аз корхонаҳои истеҳсолии пойтахт ба шумор меравад, ки ҳатто дар шароити бӯҳрони молиявӣ фаъолияташро қать накарда, бо иқтидори пурра кор кард. Инчунин, чанде пеш дар озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ибтикори Агентии «Тоҷикстандарт» гузаронида шуд, дар номгӯи «Маҳсулоти озуқаворӣ» маҳсулоти «Био- кефир»-и ҶСШП «Комбинати шири Душанбе» дар байни беш аз 50 корхона ва 65 навъи маҳсулот Лауреати мукофоти озмун гардид. ҶСШП «Комбинати шири Душанбе» чӣ гуна ба ин дастоварди бузург ноил гардид ва «Био-кефир» чӣ навъи маҳсулот аст? Ба ин ва дигар саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори бахши озмоишии ҶСШП «Комбинати шири Душанбе» Назармоҳ Назарбекова чунин посух дод:               — Ин дастоварди бузург, яъне ноил гардидани маҳсулоти «Био-кефир» ба Лауреати маҳсулоти беҳтарини Тоҷикистон бо масъулиятшиносию кордонии роҳбарияти корхона ва мутахассисону коргарони он ба даст омадааст. «Био-кефир» маҳсулоти нави ширӣ буда, ҷавобгӯи талаботи стандартӣ аст. Он аз шири пухта ва безараргардонидашуда бо роҳи ба он ҳамроҳ кардани туршии замбурӯғҳои зиндаи кефир ва пробионтҳо, аз чумла бифидобактерияҳо ба даст оварда мешавад. Ин маҳсулот асосан барои хӯроки парҳезӣ бо мақсади танзими мубодилаи моддаҳо (микрофлора), кори системаи асаб, меъда ва рӯда дар организми бачагону калонсолон истифода бурда мешавад. Бо мақсади беҳтар кардани хосиятҳои шифобахшии он ба шири хобонидашуда, витаминҳои гуногун ҳамроҳ кардан мумкин аст. Истилоҳи пробионтҳо ва пробиотикҳоро олими билог Ричард Паркер соли 1974 барои ифода кардани микроорганизмҳои зинда ва маҳсули табдилёбии онҳо пешниҳод карда буд. Тавре, ки маълум аст микроорганизмҳои зинда барои табобати баъзе бемориҳои инсон истифода бурда мешаванд. Маънои тоҷикии калимаи пробиотикҳо барқарор сохтани қобилияти зиндаи организм аст. Калимаи антибиотик бар хилофи пробиотикҳо маънояш маҳв сохтани зиндагиро дорад. Яъне доруҳои антибиотик барои нобуд сохтани микробҳои зарарнок истифода бурда мешаванд. Айни ҳол ба гурӯҳи пробиотикҳо доруҳои гуногун, навъҳои мухталифи хӯрока ва ғайра дохил мешаванд.                «Био-кефир» маҳсулоти нав буда, он дар технологияи муосир, ки сохти Маҷористон аст, дар пакети коғазии «Тетра- Рекс» дар ҳаҷми 1 литр ва зарфи полипропилении ним литра истеҳсол мегардад. Ин хатти нав моҳи феврали соли 2009 дар корхона насб карда шуд.                 Маҳсулоти «Био- кефир» ба саломатии инсон фоиданок буда, алакай онро мардум хуб пазируфтааст. Инчунин, маҳсулоти дигари комбинат «Дӯғи тоҷикӣ» аст, ки он ба гирифтани ҷоизаи «Анъанаҳо ва замони муосир» сазовор гардидааст. Ҳамзамон, корхона дорои ҷоизаи «Интихоби истеъмолкунандагон» мебошад.                  Ашёи хомро аз куҷо дастрас менамоед?                  Ашёи хом- ширро асосан аз хоҷагиҳои ноҳияҳои тобеъи марказ- Рӯдакӣ, Шаҳринав, Турсунзода бахусус аз хоҷагиҳои ноҳияи Ҳисор харидорӣ менамоем. Мо бо хоҷагиҳо ҳамкорӣ дорем ва дар навбати худ кӯмак мерасонем. Маҳсулоте, ки аз хоҷагиҳо харидорӣ мегардад, дар ҷояш санҷида мешавад. Зеро аз ашёи хоми хуб маҳсулоти босифат истеҳсол мешавад.                  Чанд нафар мутахассису коргарон дар корхона фаъолият менамояд?                 Дар корхона 286 нафар мутахассисони маҳаллӣ фаъолият менамоянд.                Собиқаи кории баъзеашон аз 25 сол боло буда, дар ин соҳа низ ҷавонон тарбия карда мешаванд. Истеҳсолоти корхона вобаста ба пешрафти ҷомеа компютеризатсия карда шудааст.Инчунин, сифати маҳсулоти корхонаро лабораторияи марказии он назорат мекунад, ки аз 2 шӯъба — шӯъбаи таҳқиқоти химиявӣ ва шӯъбаи микробшиносӣ иборат аст. Лабораторияи марказии корхона бо тамоми асбобу анҷоми навтарини санҷиши сифат ва андозагирӣ муҷаҳҳаз аст. Ин имкон медиҳад, ки маҳсулоти корхона саривақт санҷида шуда, камбудию нуқсонҳои он пеш аз ба фурӯш баровардан ошкор карда шаванд. Бояд гуфт, ки лабораторияи «Комбинати шири Душанбе» дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз озмоишгоҳҳои беҳтарини маводи хӯрокворӣ мебошад.                 Оё маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар бароварда мешавад?                Не.                 Чаро?                Зеро маҳсулоти ширие, ки корхона истеҳсол мекунад, зудвайроншаванда аст. Аз ин рӯ, мо онро танҳо дар дохили ҷумҳурӣ ба муштариён пешниҳод месозем. Бояд як нуктаро зикр кард, ки дар мағозаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имрӯз маҳсулоти шири истеҳсоли Русия, Покистон ва Эрон зиёд аст. То ҷое мусаллам аст шир маҳсулоти нозук буда, аз он вақте ки маҳсулот истеҳсол менамоем он аз 6 рӯз зиёд намеистад. Яъне вайрон мешавад. Вақте, ки он маҳсулотҳои ширии кишварҳои хориҷӣ, ки дар боло зикр кардам мӯҳлаташон хеле дароз аст, албатта дар таркибашон ҳар гуна химикатҳо доранд. Масалан, маҳсулоти истеҳсоли кишварҳои дар боло зикршуда, аз ҷумла қаймоқ мӯҳлати истеъмолиаш то як ё ду моҳ ё шир як сол муайян шудааст. Пас худатон қазоват намоед, ки чӣ гуна маҳсулоти шириро метавон то як сол нигоҳ дошт. Агар дақиқтар назар намоем, тамоми он маҳсулоти ширие, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид месозанд, таркибашон олудаи моддаҳои химиявӣ — консентрат ва эмулгатор аст, ки ба саломатии инсон зарар доранд, яъне маҳсулоти табиӣ нестанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи мо аз 6 рӯз зиёд нигоҳ дошта намешавад ва мӯҳлати нигоҳдории он дар ҳарорати -6-8 дараҷа аст. Яъне аз ин ҷо бармеояд, ки маҳсулоти ширие, ки аз ҳарорати -8 дараҷа боло нигоҳ дошта мешавад ва хушрую безарар истодааст, яъне вайрон нагардидааст ин маҳсулот олудаи моддаҳои химиявӣ ва консентратҳо аст. Дар таркиби маҳсулоти корхонаи мо ба ҷуз аз моинӣ ва шир дигар чизе нест. Яъне он тарафаш аз ҳунару дастони мутахассисон вобастагӣ дорад. Ҷиҳати бозоргир шудани маҳсулот ва қонеъ гардонидани талаботи мардум ба маҳсулоти аз шир истеҳсол мешуда, роҳбарияти корхона дар ҳамбастагӣ бо аҳли корхона ҳар сари вақт тадбирҳои судманд меандешад. Зеро роҳбари корхона, ки худ мутахассиси соҳа аст ва дастпарвари яке аз донишкадаҳои бонуфузи Қирғизистон — донишкадаи техникии Бишкек мебошад, барои рушди минбаъдаи соҳа чораҳои зарурӣ меандешад.               Чанд намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад?               Дар маҷмӯъ 25 намуди маҳсулот. Аз ҷумла, шири гови пастеризатсияшуда, ки безарар гардонида шудааст, сметана, сметанаи равғанӣ, творог, кефир, ҷурғот, қаймоқ, чакка, равғани маска, дӯғи тоҷикӣ, йогурт, ҳасибҳои дар дуд пухташуда, сосиска, кабоби мурғ, гӯшти бурида пухташудашуда, консерваҳои гӯштӣ, консерваҳои гӯштию сабзавотӣ, панирҳои «Душанбе, «Сомониён», «Российский», «Гауда», «Хаварти», панири нарми «Тоҷикистон», панири бо сабзавот ва қорч, панири кремдор, яхмосҳои «Пломбир бо шоколад», «Шаҳди барф», «Лаззат», «Мевагӣ», нӯшобаҳои ширии ширини «Рӯҳафзо» ва ғайраҳо истеҳсол карда мешаванд.                Инчунин, дар коргоҳи пивопазӣ, ки бо дастгоҳҳои сохти Маҷористон муҷаҳҳаз гардидааст, пивои хуштаъму хушсифати «Келлерс» аз рӯи технология ва ширинбияи олмонӣ истеҳсол карда мешавад.                Маҳсулоти корхона дар куҷо ба фурӯш гузошта мешавад?               Нуқтаҳои сайёри фурӯш дорем. Барои чӣ мо чунин нуқтаҳоро ташкил додем. Барои он, ки маҳсулоти истеҳсолкардагии мо дар худ консервант, эмулгатор надорад, яъне ки табиист ва зуд вайрон мешавад. Мо қаблан бо нуқтаҳои савдо проблема доштем дар масъалаи ба роҳ мондани фурӯши маҳсулот. Яхдонҳои нуқтаҳои савдо -28-30 дараҷа буд вале, маҳсулот вайрон шуда мерафт.Мо ягон эрод гирифта натавонистем. Баъдан роҳбарияти корхона ба Белорус сафар карданд. Аз Белорус дар асоси қародод мағозаҳои сайёрро оварданд. Дар шаҳр алҳол беш аз 40 адад чунин мағозаҳо фаъолият доранд. Як нафар корманд аз фаъолияти ин мағозаҳо назора мебарад. Дар яхдони чунин мағозаҳо ҳарорат барои нигоҳдории маҳсулот риоя карда мешавад.                Мо дар ҳар як мағоза варақаҳои махсус гузоштаем, ки дар он харидорон ва мизоҷон пешниҳод, фикру дархости худро доир ба сифати маҳсулот ироа месозанд. Инчунин, дар ҳар мағоза телефонҳо барои тамос гузошта шудааст.                 Ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии коргарони корхона чӣ гуна шароитҳо муҳайё карда шудааст?                 Барои кормандони корхона маркази тиббӣ фаъолият менамояд. Ба таври ройгон ташхис карда мешаванд.Инчунин, дар дараи зебоманзараи Ромит истироҳатгоҳ дорем, ки дар он коргарон дар рӯзҳои фороиғ аз кор бо аҳли оилаи худ истироҳат менамоянд. Ҳангоми рухсатии коргарон Иттифоқи касабаи корхона барои истироҳати коргарон ва фарзандони онҳо роҳхатҳо ташкил менамояд.                  Оё бӯҳрони моливӣ ба фаъолияти корхонаи «Комбинати шири Душанбе» таъсир гузошт?                 Албатта, бе таъсир намонд. Хусусан дар бахши ба фурӯш гузоштани маҳсулот таъсир расонд.                 Маҳсулоти корхона танҳо дар ҳудуди пойтахт ба фурӯш гузошта мешавад ё дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудааст?                 Албатта, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ маҳсулоти мо пешкаши муштариён гардонида мешавад. Бахусус, дар ноҳияҳои атрофи Душанбе- Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат , Шаҳринав, Варзоб ва Турсунзода ба фурӯш гузошта мешаванд.                 Маҳсулоти корхона боз дар кадом намоишгоҳҳо ба маърази тамошо гузошта шудааст?                 Дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ дар Афғонистон ду маротиба ба маърази тамошо гузошта шудааст.                 Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?                 Ворид намудани дастгоҳҳу таҷҳизоти нави замонавӣ, зиёд кардани истеҳсоли навъи маҳсулот, зиёд намудани қабули шир аз хоҷагиҳо, беҳтар намудани шароити кору фаъолияти кормандону мутахассисон мақсадҳои асосии мост. Умуман ниятҳои нек бисёр аст дар назди роҳбарияти корхона.                 Бояд зикр кард, ки маҳсулоти истеҳсолменамудаи «Комбинати шири Душанбе» дар пурнозу неъмат гардонидани дастархони мардум саҳми калон дорад. Барои бештар ҷалб кардани муштариён чӣ тадбирҳо андешида мешавад?                   Роҳбарият ва мутахассисони корхона талаботу эҳтиёҷоти мардумро ба инобат гирифта, маҳсулоти йодноккаршударо ба роҳ мондаанд. Масалан сметанаи йодноккардашуда, твороги батончики йодноккардашуда барои кӯдакон творожок, йогурт, кефири равғанӣ ва беравган, нӯшобаи шири ширин умуман ҳам барои кӯдакон ва калонсолон намудҳои гуногун истеҳсол карда мешаванд.                   Боғҷома ва парпечи маҳсулотро аз куҷо дастрас менамоед?                  Асосан аз Русия аз ширкатҳои «Полиплас», «Полипак» ва «Мулопак»-и шаҳри Маскав харидорӣ мегарданд.                  Барои омӯхтани таҷриба, мутахассисони корхона ба дигар кишварҳои мутараққӣ фиристонида мешаванд?                 Албатта барои табодули таҷриба ва омӯхтани усули кори комбинатҳои шири давлатҳои хориҷӣ мутахассисони корхона ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Сочи фиристонида шуданд. Насиб бошад боз ба Латвия фиристонида мешаванд, онҳо таҷрибаи пешқадами ин давлатҳоро меомӯзанд. Инчунин, мутахассиони корхонаҳои шири Қазоқистон, Латвия, Маҷористон аз корхонаи мо боздид намуда, таҷрибаи моро низ омӯхтанд.                 Бояд бигӯям, ки мутахассиони «Комбинати шири Душанбе» асосан дастпарварони донишкадаҳои технологии шаҳрҳои Душанбе, Бишкек, Одесса, Уланудэ, Барнаул, Омск, Томск ва ғайра мебошанд.                 Ҳамчун мутахассис ва сардори бахши озмоишии ҶСШП «Комбинати шири Душанбе» ба мардум, умуман ба муштариён чӣ таманно доред?                Ман ҳамчун мутахассис мегӯям, ки набояд мардуми мо маҳсулоти хоми шириро истеъмол намоянд.Агар мушоҳида намоем, дар тамоми бозорҳои пойтхат маҳсулоти хоми ширӣ мефурӯшанд. Баъзе чорво ба буғумдард ва ба дигар бемориҳо гирифторанд. Агар маҳслуоти шириро мардум нопухта бепастеризатсия истеъмол кунанд, бемории чорво ба одам мегузарад. Ин беморӣ табобатнашванда аст. Ман ҳамчун мутахассис медонам, ки он бемориҳое, ки чорво дар организмаш дорад, дар таркиби шир низ вуҷуд дорад ва он ба организми одам ворид мешавад. Мардуми мо набояд ба гаронии маҳсулоти ширӣ, бахусус шири пастеризатсияшуда нигоҳ намоянд. Мардум бояд шири пастеризатсияшударо истеъмол намоянд зеро саломатии худро зери хатар нагузоранд. Чунки саломатӣ барои инсон аз ҳама чизи қиммат аст.                Ва мардум ба ин масъала бояд ба таври ҷиддӣ муносибат намоянд. Кормандону мутахассисони корхона кӯшиш менамоянд, ки маҳсулоти боз ҳам хушсифату безараргаштаи шириро пешкаши мардум гардонанд.

Сентябрь 11, 2009 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест