НАХУСТИН НАМОИШГОҲИ ҚОЛИНҲОИ ДАСТБОФИ ЭРОНӢ

Сентябрь 10, 2009 14:49

                Душанбе, 10 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нахустин намоишгоҳи қолинҳои дастбофи эронӣ 10 сентябр дар толори меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Созмони бозаргонии устони Озарбойҷони Шарқии Эрон созмон дода шуда, дар он ҳудуди сад намуди қолинҳои дастбоф, ки аз муина ва абрешим бофта шудаанд, ба намоиш гузошта шуд.                 Мудири баргузории намоишгоҳ Тавҳид Халилванд, зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар», гуфт, ки ҳадафи намоишгоҳ муаррифии қолинҳои дастбофи эронӣ ва эҳёи ҳунари колинбофӣ дар кишварҳои минтақа, бахусус Тоҷикистон аст.                 Қолинҳои дастбофе, ки дар намоишгоҳ гузошта шудааст бо ҳунари баланди қолинбофӣ офарида шуда, дар он манзараҳои зебою ҷолиби табиат, симоҳои шинохта ва таъриху тамаддуни пурғановати мардумони машриқзамин таҷассум ёфтааст.                 Бояд зикр кард, ки қолинбофӣ дар Эрон таърихи беш аз 2500-сола дошта, он бо нақшу нигор ва санъати хоссаи худ дар ҷаҳон шӯҳрат дорад.                 Назар ба иттилои мушовири иқтисодии Сафири Эрон дар Тоҷикистон Парвиз Самадӣ қолинҳо дастӣ ба ҳайси сафири фарҳангии Эрон дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст. П. Самадӣ афзуд ки Эрон дар як сол беш аз се миллион метри мураббаъ қолинҳои дастбофро ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба кишварҳои Аврупоӣ, Амрико, Русия ва кишварҳои Шарқи Наздик содир месозад. Ҳунари қолинбофӣ асосан дар минтақаҳои Озарбойҷони Шарқӣ ва Шимолии Эрон дар шаҳрҳои Табриз, Занҷон, Балуҷистон, Қум ва Машҳад хело ривоҷ ёфтааст. Як метри мураббаи қолин муддати ду ва ё се моҳ аз ҷониби ду ҳунарманд бофта мешавад.                    Қолинҳои дастбофи эронӣ қаблан дар Афғонистон ба намоиш-ва фурӯш гузошта шуда буданд. Инчунин, дар оянда дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ ташкил карда мешаванд. Арзиши қолинҳои дар намогишгоҳ гузошта шуда аз 300 то 8 ҳазор доллар мебошанд.Намоишгоҳ то 16 сентябр давом менамояд.  

Сентябрь 10, 2009 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид