НАМОЯНДАИ НАВИ АГЕНТИИ РУШДИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ИМА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). – Агентии рушди байналхалқии ИМА Эндрю Сиссонро намояндаи нави минтақавии худ дар Осиёи Марказӣ таъин намуд. Мавсуф 31 август ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ кард. Эндрю Сиссон мутахассиси калони хизмати дипломатии ИМА буда, ба дараҷаи олии хизмати дипломатӣ — дараҷаи мушовир соҳиб гардидааст. Ӯ моҳи июни соли 2009 давраи хизмати дусоларо дар Коллеҷи миллии ҳарбӣ ба охир расонд. Э.Сиссон дар коллеҷ аз фанни стратегияи амнияти миллӣ даст медод. Қабл аз ин вай ҳамоҳангсози калони тадбирҳои башардӯстонаи ИМА дар мамлакатҳои Африқо шуда кор кардааст. Э.Сиссон аз соли 2002 то соли 2006 директори намояндагии минтақавии Агентии рушди байналхалқии ИМА дар Африқои Шарқӣ буд. Ӯ дар ин ҷо ба барномаҳои расондани кӯмак ба аҳолии Судон, Сомали, Бурунди, Ҷибути ва мамлакатҳои дигар роҳбарӣ мекард. Сиссон инчунин дар Ҳиндустон, Сомали, Руанда, Гана, Малави ва Вашингтон дар вазифаҳои гунони дипломатӣ кор кардааст. Ӯ дорои унвони илмии бакалавр ва доктори илм буда, масъалаҳои иқтисодию сиёсӣ, тармиму таҷдид ва таъмини вазъияти босуботро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Агентии рушди байналхалқии ИМА айни ҳол дар бештар аз сад мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла, дар ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ намояндагӣ дорад. Ҳадафи фаъолияти он мусоидат ба рушди иқтисодиёти мамлакатҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва маориф, инчунин рушди демократия мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






