НАМОЗИ ИДИ САИДИ ФИТР КАЙ ОҒОЗ МЕЁБАД?

Сентябрь 17, 2009 11:35

                  Душанбе, 17 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Маросими гузаронидани намози иди саиди Фитр дар тамоми масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон 21 сентябр соати 7-20 дақиқаи субҳ шурӯъ мегардад», — гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Маъруфуллоҳ Раҳимов. Дар робита, ба тамоми имохатибон супориш дода шудааст, ки масҷидҳои ҷомеъро ба намози Иди Фитр омода сохта, моҳияти додани садақаи фитрро фаҳмонанд.                    Мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ ҳар мусулмон шукронаи қабули ибодати рӯзаи худро бояд бо гандум, ҷав, хурмо ва мавиз пардохт намояд.                    Соли равон садақаи фитр ба 1, 622 грамм гандум ва ду баробари арзиши гандум, ҷав муайян шудааст, ки он ба 1 сомонию 50 дирам баробар аст.                   Дар партави дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ ва Қарори Маҷлиси васеи Шӯрои уламои ҷумҳурӣ соли равон аз ҳисоби садақаи фитр оилаҳои камбизоат бо фурӯзонакҳои каммасраф таъмин карда мешаванд. Назар ба гуфти М. Раҳимов, дар ин самт Комиссияи назоратӣ фаъолият намуда, аз натиҷаи ин иқдом то 28 сентябри соли равон ба Шӯрои уламои ҷумҳурӣ гузориши хаттӣ пешниҳод месозад.  

Сентябрь 17, 2009 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад