НОМИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ТАҒЙИР ЁФТ
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – 5 сентябр дар шаҳри Санкт – Петербург маҷлиси гурӯҳи корӣ анҷом ёфт. Дар он лоиҳаи қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар бораи гузаронидани мусобиқаи байналхалқии футбол барои ба даст овардани Ҷоми қаҳрамонони мамлакатҳои ИДМ ва Балтика такмил дода шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлис мувофиқи пешниҳоди намояндагони Русия номи мусобиқаи байналхалқӣ тағйир ёфт. Акнун он Мусобиқаи кушоди байналхалқии футбол барои ба даст овардани Ҷоми қаҳрамонони мамлакатҳои ИДМ ва Балтика номида мешавад. Вобаста ба ин ба Низомномаи гузаронидани мусобиқа низ тағйироти дахлдор ворид карда шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






