ОФАТИ ТАБИӢ
Рашт, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).- Дар натиҷаи боришоти бардавоми борон ва жола рӯзи 22 сентябри соли равон дар деҳаи Шоҳиндараи, ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт сел омад, ки бар асари он бошандагони деҳа зарари зиёди моддӣ диданд. Тибқи ҳисоботи пешакӣ зиёда аз 31 хонаи истиқоматӣ зарар дида, даҳҳо гектар киштзор, нақлиёти автомобилӣ, роҳу хатҳои оби нӯшокӣ харобу валангор гардида, ҳазорҳо оилаи замбӯри асал ва садҳо сар чорвои калони шохдор ва моли майда талаф ёфт. Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Рашт ҳаҷми умумии зарарро дар рӯзҳои наздик муайян хоҳад кард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






