ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ БО ФУРӮЗОНАКҲОИ РОЙГОН ТАЪМИН ШУДАНД
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Ҷиҳати бо фурӯзонакҳои каммасрафи барқӣ таъмин намудани 241 оилаи камбизоати мамлакат мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷаи давлат 18 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Мавриди зикр аст, ки масъулини Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи қарори мазкур бо яке аз ширкатҳои истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасрафи Ҷумҳурии Мардумии Чин шартнома баста, миқдори зарурии фурӯзонакҳоро ба ҷумҳурӣ ворид намуданд. То имрӯз оилаҳои камбизоати ноҳияҳои водии Рашт, ноҳияи Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат бо фурӯзонакҳои каммасраф таъмин карда шуданд. Ба оилаҳои камбизоати шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ин тадбири муҳим амалӣ карда шуд. Ёдовар мешавем, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти лампаҳои тафсон ба ҷумҳурӣ аз 1-уми октябри соли равон маън карда шуда, то 1-уми октябр бояд тамоми ташкилоту идораҳо, биноҳои маъмурӣ, корхонаҳо ва сокинони мамлакат ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф гузаранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






