ОМӮЗГОРИ ТОҶИК — БАРАНДАИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Сентябрь 16, 2009 11:43

                  Маскав, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 24 сентябр дар пойтахти Ҷумҳурии Молдавия — шаҳри Кишинёв дар ҷараёни мулоқоти навбатии чоруми намояндагони зиёиёни илмӣ ва эҷодкори мамлакатҳои ИДМ маросими супоридани ҷоизаи байналхалқӣ ба омӯзгорони ҷавони мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Ҳамдиёри мо — муаллими забону адабиёти руси литсей – интернати президентӣ барои бачагони боистеъдод Сафаралӣ Саидов дар бахши «Забони русӣ» барандаи ҷоизаи байналхалқӣ гардид.                    Мувофиқи шартҳои озмун аз 9 то 11 сентябр дар Маскав озмуни муаллимони ҷавони фанҳои забони русӣ, забони модарӣ ва таърих баргузор гардид, ки солҳои гуногун ба унвони «Муаллими сол» сазовор гардидаанд. Иштирокчиёни озмун барномаҳои таълимӣ, нақшаи машғулиятҳо ва дастурамалҳои методии худро ба озмун фиристоданд. Натиҷаи озмунро ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Русия ҷамъбаст намуд. Ҳуҷҷатҳои иштирокчиёни озмун баъдан ба Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои ИДМ фиристода шуданд. Бо қарори ҳайати доварони байналхалқӣ омӯзгори тоҷик Сафаралӣ Саидов сазовори ҷоиза дониста шуд.                  С.Саидов айни ҳол ҳамроҳи гурӯҳи шогирдонаш дар шаҳри Сочи мусофират дорад. Шогирдони ӯ дар ин ҷо дар озмуни донистани қоидаҳои ҳаракати роҳ иштирок мекунанд. Талабагони литсеи мазкур қабл аз ин дар озмуни донандагони қоидаҳои ҳаракати роҳ дар Қазоқистон ҷои аввалро ишғол карда буданд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷоизаҳои байналхалқӣ ба соҳибонашон 24 сентябр супурда хоҳад шуд. 

Сентябрь 16, 2009 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид