ОЗМОИШИ РАКЕТАҲО ДАР ЭРОН

Сентябрь 29, 2009 11:08

               Маскав, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Lenta. ru). – Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров баъди мулоқоташ бо вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттақӣ изҳор намуд, ки маъмурияти мамлакат аз озмоиши нави ракетаҳои дурпарвоз дар заминаи ҳал нагардидани проблемаҳои ядроии Эрон изҳори ташвиши ҷиддӣ менамояд.                  С.Лавров роҳбарияти Эронро даъват намуд, ки ба эҳсосот роҳ надода, роҳи сабру таҳаммулро пеш гирад. Илова бар ин маъмурияти Русия вобаста ба сохтмони корхонаи дуюми тоза кардани моддаи радиоактивии уран изҳори ташвиш менамояд. Қайд карда шуд, ки ин масъала 1 октябр дар Женева зимни мулоқоти ҳайати шашгона бахшида ба проблемаҳои ядроии Эрон мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.                С.Лавров изҳор намуд, ки Теҳрон бояд ба аъзои комиссия дар бораи сохтмони корхонаи дуюми тоза кардани уран маълумоти муфассал пешниҳод намояд. Сохтмони корхонаи мазкур танҳо чанд рӯз пеш маълум шуд ва сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳон гардид.                 Вазири корҳои хориҷии Русия инчунин аз афзудани миқдори озмоиши ракетаҳо дар Эрон изҳори ташвиш намуд.                  Хабар дода мешавад, ки рӯзи душанбе дар Эрон дар ҷараёни машқҳои ҳарбии Корпуси ҳомиёни инқилоби исломӣ боз як ракетаи дурпарвоз сар дода шуд. Ракетаи мазкур ба масофаи то ду ҳазор километр парвоз карда метавонад. Ба воситаи он киштиҳои ҳарбии Амрикоро дар Халиҷи Форс ҳадафи ҳуҷум қарор додан мумкин аст.

Сентябрь 29, 2009 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд