П. ПАТИЛ ХОСТОРИ ҲАР ЧӢ БЕШТАРИ ТАВСЕАИ РОБИТАҲО БО ТОҶИКИСТОН АСТ
Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Ҳиндустон зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намоянадгони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Пратиба Девисингх Патил дар Душанбе баррасӣ шуданд. С. Хайруллоев меҳмони олиқадрро ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат ва таҳияи қонуну санадҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ шинос намуд. Зимни мулоқот Раиси палатаи касбии мамлакат доир ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар ибрози назар карда, гуфт, ки ҳалқҳои тоҷику ҳиндро аз қадимулайём таъриху фарҳанги муштарак ба ҳам мепайвандад. Ин аст, ки осори шахсиятҳои бузурги илму фарҳанги кишвари Ҳинд дар Тоҷикистон ба таври васеъ омӯхта мешаванд. Мавсуф ба сатҳи ҳамкориҳои парлумонии ҳар ду кишвар баҳои баланд дода, афзуд, ки фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарулмонӣ ва сафари ҳайатҳои парлумонҳои ҳар ду кишвар ба давлатҳои ҳамдигар шаҳодати тавсеаи робитаҳои устувори парлумонист. Президенти Ҳиндустон Пратибха Девисингх Патил аз раванди ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки Ҳиндустон хостори ҳар чӣ бештари густариши муносибот бо Тоҷикистон аст. Зикр шуд, ки дар раванди ҳамкориҳои ҳар ду кишвар ҳанӯз имкониятҳои истифоданошуда зиёд аст ва ҳар ду кишварро зарур аст, ки ин имкониятҳоро самарабахш истифода намоянд. Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаҳои таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ ва пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






