ПАРВОЗИ НАХУСТИ ҲАВОПАЙМО АЗ ДУШАНБЕ БА КРАСНОЯРСК
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- 18 сентябр ҳавопаймои нахустини ширкати «Сомон Эйр» аз Душанбе ба шаҳри Красноярск парвоз кард. Бо ҳамин ҳавопаймо 20 нафар мусофирон ба Красноярск рафтанд ва аз он ҷо 158 мусофир ба ватан баргашт. Нархи чиптаи ҳавопаймои мазкур барои як тараф 225 евро ва барои рафту омад 466 евро мебошад. Аз дафтари матбуоти Ширкати «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз 4 октябр хати парвози Хуҷанд-Сочи кушода хоҳад шуд. Айни ҳол ба мусофироне, ки ба Сочи рафтанианд чипта фурӯхта мешавад. Ширкати «Сомон Эйр» — ширкати аввалини хусусии Тоҷикистон мебошад, ки парвозҳоро ба тамоми самтҳои шаҳрҳои Русия, Олмон ва Аморати Муттаҳидаи Араб таъмин мекунад. Хизматрасонӣ дар ин ҷо ба талаботи байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошад. Роҳбарияти ширкат кӯшиш мекунад, ки сифати хизматрасониро беҳтар ва бехатарии парвозҳоро ҳамаҷониба таъмин намояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






