ПЕШИ РОҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ГИРИФТА МЕШАВАД

Сентябрь 2, 2009 10:48

                Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Хадамоти давлатии назорати байторӣ, доктори илмҳои ветеринарӣ Муллоҷон Амирбеков, дар шаҳри Душанбе қариб 2 ҳазор сагҳои хонагии зотҳои гуногун ба қайд гирифта шудааст.                 Ба ҳамагон маълум аст, ки тавассути сагу гурба ва дигар ҳайвоноти хонагӣ садҳо одамон дар давоми як сол аз бемориҳои гуногун сироят мешавнд ва ҳатто ба фавти одамон оварда мерасонад. Аз ин рӯ, барои сироят нашудан аз бемориҳои ҳайвоноти хонагӣ ва барои ҳамасола эмкунии сагу гурба, паррандаҳои хонагӣ ба Раёсати назорати давлатии байторӣ муроҷиат намудану бақайдгирифтани ҳайвонот шарту зарур аст.                 Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар ҷаласаи назоратие, ки таҳти раёсати раиси шаҳри душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, Раёсати назорати давлатии байторӣ вазифадор шуд, ки барои рақамгузории сагу гурбаҳои хонагӣ ва таъмини онҳо бо шиноснома санадҳои заруриро омода созанд.                Ин тадбир имкон медиҳад, ки соҳибони ҳайвонот бо дарки масъулият барои сироят накардани атрофиён аз вазъи саломатии ҳайвоноти хонагии дар ихтиёрашон дошта бо ҷиддият муносибат кунанд.

Сентябрь 2, 2009 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд