ПЛЕНУМИ 4-УМИ ШӮРОИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРӢ

Сентябрь 25, 2009 11:38

                Душанбе, 25 сентябр.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-25 сентябр дар шаҳри Душанбе Пленуми 4-уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар пленум, ки таҳти раёсати Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ Раҳмат Қудратов баргузор гардид, роҳбарону намояндагони як қатор вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ иштирок карданд.                  Дар пленум масъалаи омодагии ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд ба Ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар партави Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 65 –солагии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» баррасӣ гардид. Доир ба ин масъала Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд М. Раҳимов гузориш дод. Мавсуф гуфт, ки дар партави Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷашни 65-солагии Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ» нақша чорабиниҳо, барномаҳои ҷашнӣ тарҳрезӣ гардида, корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Инчнунин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба иштирокчиёну собиқадорони ҷангу меҳнат дар арафаи ҳар ид кӯмаки моддӣ расонида шуда, бо мақсади барқарор намудани саломатии онҳо маблағ ҷудо карда мешаванд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар Пленуми чоруми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ, ҳамзамон як қатор масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ гардиданд. 

Сентябрь 25, 2009 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид