РАИСИ НАВИ ИТТИҲОДИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ИТТИФОҚҲОИ НАВИСАНДАГОН ИНТИХОБ ШУД
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди байналхалқии иттифоқҳои нависандагон иштирок намуд. Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди мазкур интихоб шуд. Ба ин вазифа муовини раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳодия шоир Иван Переверзин интихоб гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зарурати интихоби раиси Иттиҳодияи мазкур ба вафоти раиси собиқи он Сергей Михалков вобаста мебошад. С.Михалков дар давоми даҳ соли охир ба Иттиҳодияи мазкур роҳбарӣ мекард. Иван Переверзин барандаи ҷоизаҳои умумироссиягии озмунҳои адабии «Анъана», «Ситораи қутб» ва ҷоизаи адабии ба номи Александр Твардовский мебошад. Ӯ ҳамчунин ба унвони корманди шоистаи фарҳанги Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ёқутистон сазовор гардидааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






