РОҲБАРИ НАВИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «САФИНА»
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», А. Ҳаитов).- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Лутфулло директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъин карда шуд. Телевизиони «Сафина» дуввумин телевизиони умумимиллии давлатист, ки соли 2005 таъсис ёфта амвоҷи он ба тамоми гӯшаву канори мамлакат, инчунин ба кишварҳои ҳамҷавор ба воситаи мавҷпаҳнкунандаҳои моҳворавӣ пахш мешавад. Дар муддати фаъолияти чаҳорсолаи худ «Телевизиони Сафина» тамошобин ва мухлисони зиёд пайдо карда дар татбиқи сиёсати маънавӣ, фарҳангӣ ва иттилоотии давлат нақши муҳимро ба ӯҳда дорад. Давлатов Л. ҳамчун ҳунарманди маъруфи театру кино миёни ҳаводорон соҳиби эҳтиром буда, то таъин шуданаш ба вазифаи директории «Телевизиони Сафина» муассисаи «Тоҷиккино»- ро роҳбарӣ менамуд.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






