СӮХТОРХОМӮШКУНАНДАГОН ДАҲ ТОННА ҒАЛЛАРО НАҶОТ ДОДАНД

Сентябрь 15, 2009 11:22

                 Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова, Жасмин Назарова). – Аз Раёсати давлатии сӯхторхомӯшкунии вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳафтаи гузашта дар миқёси мамлакат 27 сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, дар ин муддат дар вилояти Суғд 10 сӯхтор, дар вилояти Хатлон 7 сӯхтор, дар шаҳри Душанбе 5 сӯхтор, ноҳияи Рӯдакӣ 2 сӯхтор, ноҳияи Ваҳдат 2 сӯхтор ва ноҳияи Турсунзода 1 сӯхтор рух дод. Зарари умумии моддии ҳамаи онҳо 214 ҳазору 555 сомонӣ мебошад.                 Аз ҷумла, 11 сентябр дар бунгоҳи бензингирии шахсии соҳибкор Ҷаббор Ятимов дар ҷамоати «Баҳор» — и шаҳри Ваҳдат сӯхтори калон ба амал омад. Сӯхтор масоҳати 120 метри мураббаъро фаро гирифт. Сабаби рух додани сӯхтор хориҷ гардидани бензин аз як дастгоҳи бензингирӣ мебошад. Бар асари сӯхтори мазкур як мошини шахсӣ сӯхта нобуд шуд.                 Дар ҷараёни хомӯш кардани сӯхтор 10 тонна ғалла наҷот дода шуд, ки бо сабабҳои номаълум дар ҳудуди бунгоҳи бензингирӣ нигоҳ дошта мешуд. Ғайр аз ин дар ҳудуди бунгоҳи мазкур бар хилофи қоидаҳои бехатарӣ махзанҳои сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешуданд, ки вазни ҳар кадоми онҳо шаш тонна мебошад.                Сӯхтор ба соҳибкор ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонд.                  Ҳамон рӯз дар кӯчаи Тахмоси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар анбори вазорати кишоварзӣ сӯхтор ба амал омад. Зарари он 250 сомониро ташкил дод. Мутахассисон айни ҳол сабабҳои рух додани сӯхторҳо ва гунаҳкоронро муайян менамоянд.

Сентябрь 15, 2009 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид