САБАБҲОИ ФАРБЕҲӢ ВА ДИАБЕТИ ҚАНД ДАР БАЙНИ КЎДАКОН
Душанбе, 25 сентября. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Паҳншавии фарбеҳӣ то имрўз дар тамоми ҷаҳон 25%-ро ташкил менамояд. Дар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ аз 15-30%, дар Руссия 30%, дар мамлакатҳои тараққикардаи Шарқ 10-16% ва дар ИМА 30-35%, аз ҷумла дар байни кўдакон ва ҷавонон 25%-ро ташкил менамояд. Аз рўи пешбинии олимон шумораи беморони гирифтори фарбеҳӣ сол то сол меафзояд. Сабабҳои пайдошавии фарбеҳиро духтур-эндокринологи Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ Моҳбегим Давлатмамадова дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» шарҳ дода, зикр намуд, ки сабаби якуми пайдоиши фарбеҳӣ ин номувофиқатӣ байни ғизои истифодашуда ва энергияи (ккал) масрафшуда мебошад. Яъне ашхосе, ки фаъолияташон ба кори ҷисмонии вазнин вобаста аст, бояд бисёртар ғизо истеъмол намоянд ва баръакс ашхоси фаъолияташон ба кори ҷисмонии сабук вобаста, бояд камтар ғизо истифода баранд. Аз ҳамин сабаб ккалорияи зиёдатӣ, ки бо воситаи ғизо вориди ҷисми инсон мегардад, ба мисли равған дар таги пӯст ё ин, ки дар атрофи узвҳои дарунии бадан ҷо мегирад. Сабабгори дуюми пайдоиши фарбеҳӣ ин камҳаракатӣ мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки тараққиёти техника сабабгори камҳаракатии одамон гардидааст. Сабабҳои дигари пайдоиши беморӣ — ин бемориҳои эндокринӣ ва омилҳои авлодӣ мебошанд. Вайроншавии реҷаи истеъмоли хўрок ва кам истифодабарии калсий (маҳсулоти ширӣ) низ метавонад фарбеҳиро ба вуҷуд оварад. «Қайд намудан зарур аст, ки дар солҳои охир фарбеҳӣ дар байни ҷавонон ва кўдакон низ хеле паҳн шудааст. Аз сабаби то охир инкишоф наёфтани организми кўдак, функсияҳои муҳофизатии онҳо камтар фаъолият менамояд. Дар натиҷа, кўдакони вазнашон аз меъёр зиёдтар сершавиро ҳис накарда, организмашон бисёр ғизоро талаб менамояд. Дар натиҷа, ин ҳолат ба бемории фарбеҳӣ оварда мерасонад. Кўдаконе, ки мубталои фарбеҳианд, хусусияти тобовариашон нисбати глюкоза (карбогидратҳо) паст мегардад, яъне ҳиссиёти хуҷайраҳояшон барои инсулин суст мегардад. Дар натиҷа, чунин кўдакон ба осонӣ ба бемории диабети қанд гирифтор мешаванд. Хусусияти дигари манфии фарбеҳӣ дар он аст, ки молекулаҳои равған фаъолияти ҳормонҳои ҷинсиро суст менамоянд, ки ин дар навбати худ ба дер инкишофёбии ҷинсии ҳам духтарон ва ҳам писарон оварда мерасонад. Саршавии ҳайзбинии духтарон дар ин ҳолат қафо мемонад, яъне на дар синни 11-14 солагӣ, балки дар синни 16-17 солагӣ ва аз он ҳам болотар. Дар байни писарбачагон бошад, аломатҳои дуюми балоғатрасӣ дертар ба вуқӯъ мепайвандад, — тазаккур дод М Давлатмамадова. Мавриди зикр аст, ки фарбеҳӣ инчунин сабабгори бемориҳои дигар низ шуда метавонад. Масалан бемории фишорбаландӣ, талхадон, ғадуди зери меъда, устухону бандҳо, меъдаву рӯда аз қабили чунин бемориҳоянд. Табибон ҳангоми табобати чунин беморон аз ҷадвалҳо ва формулаҳои махсус истифода мебаранд. Яке аз чунин формулаҳо ин индекси вазни бадан (ИВБ) мебошад. Чи қадаре, ки коэффисиенти ин индекс зиёд бошад, ҳамон қадар вазни бадан калонтар аст. М. Давлатмамадова мӯътакид бар он аст, ки дар зиёдшавии вазни бадан таркиби маҳсулоти истеъмолшаванда аҳамияти калон дорад. Ғизоҳое, ки мо истеъмол менамоем аз карбогидратҳо, сафедаҳо, чарб, об ва моддаҳои минералӣ иборат аст. Аз ҳамаи ин моддаҳо серғизотаринаш чарб мебошад. Дар бадани инсон дар вақти сӯхтани 1 грамм сафедаҳо ва карбогидратҳо 4 ккал ва дар вақти сӯхтани 1 грамм чарб 9 ккал нерӯ ҳосил мешавад. М. Давлатмамадова маслиҳат медиҳад, ки дар вакти хариди маҳсулот, ба навиштаҷоти он диққат бояд дод, хусусан ба миқдори чарб, дар вақти тайёр намудани хўрок аз равғани растанӣ истифода баред. Инчунин, бисёртар аз маводи донагӣ (лӯбиё, мош, наск, марҷумак, гандум) истифода бурда, миқдори ҳаррӯзаи ғизоро кам намоед. Аз ғизоҳои тезтайёршаванда ё fast food (гамбургер, сэндвич) истифода набаред.