САБАБҲОИ НАВИ ФАЛОКАТИ НБО
Маскав, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). – Яке аз аъзои комиссияи ҳукуматӣ зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки яке аз сабабҳои асосии рух додани фалокат дар нерӯгоҳи барқи обии Саяну Шуша шикастани болтҳои нигаҳдорандаи сарпӯши агрегати дуюми нерӯгоҳ бо сабаби зиёд будани фишори об мебошад. Дар натиҷаи шикастани болтҳо, сарпӯши агрегат ковок шуд ва ба дохили он об даромад. Дар натиҷаи даромади об ба дохили агрегат чархҳои дохили он аз кор монданд. Фишори об чунон зиёд буд, ки агрегати дуюмро аз ҷояш канда партофт. Баъди ин об ба толори агрегатҳо дохил шуд. Дар натиҷа девори толор вайрон шуд ва ҳамаи даҳ агрегати нерӯгоҳ осеб дид. Хабар дода мешавад, ки чанд рӯз пеш аз фалокат мутахассисон агрегати дуюми нерӯгоҳро тармим карда буданд. Қайд карда мешавад, ки болтҳои сарпӯши агрегати дуюм ба талаботи техникӣ ҷавоб медоданд. Чанд рӯз пеш роҳбари Раёсати назорати техникии иншоотҳои гидроэнергетикии Русия Николай Кутин тафсилоти воқеаро насанҷида, изҳор карда буд, ки сабаби фалокат камбудию нуқсони истифодаи агрегати дуюм ва кор накардани яке аз системаҳои автоматии муҳофизати агрегатҳои дигар мебошад. Хулосаи комиссияи давлатӣ дар бораи сабабҳои рух додани фалокат дар нерӯгоҳи мазкур имрӯз, 17 сентябр пешниҳод карда мешаванд. Тавре хабар дода шуда буд, фалокат дар нерӯгоҳ 17 август рух дод. Дар натиҷаи он 74 нафар ҳалок ва як нафар беному нишон гум шуд. Пешбинӣ карда мешавад, ки барои тармими нерӯгоҳ тақрибан 40 миллиард рубл зарур аст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






