САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ЯК ШАБОНАРӮЗ

Сентябрь 25, 2009 15:56

                 Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Шабонарӯзи гузашта дар мамлакат якбора се фалокати нақлиёт ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи онҳо одамон ҳалок шуданд. Сабаби асосии ин фалокатҳо аз ӯҳдаи идораи мошинҳо набаромадани ронандагон аст.                  Дар деҳаи «Баҳор» ду мошини сабкурави «ВАЗ-2107» бо ҳам бархӯрданд. Ронандаи яке аз онҳо Абдуманон Сатторови 26-сола аз ӯҳдаи идораи мошин набаромад ва дар натиҷа мошини ӯ бо мошини Шералӣ Мамадалиеви 29-сола бархӯрд. А. Сатторов дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнин дар маҳалли воқеа ба ҳалокат расид. Ронандаи дигар Ш. Мамадалиев ва мусофираш Абдуғаффор Сатторов бо ҷароҳатҳои вазнин ба шифохона бурда шуданд.

Сентябрь 25, 2009 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд