САФАРИ САФИРИ ҶУМҲУРИИ КУРИЁ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Хуҷанд, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон Ким Хинг Су 16 сентябр барои боздиди корӣ ба вилояти Суғд рафт. Сафари ӯ дар ин ҷо се рӯз давом мекунад. Сафири Куриё рӯзи аввали ба шаҳри Хуҷанд омаданаш бо фаъолияти Маркази фарҳангии куриёгиҳо шинос гардида, бо омӯзгорону талабагони мактаби «Файз» мулоқот кард, ки бо маблағи соҳибкорони Куриё ташкил карда шудааст. Мулоқоти сафир бо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода баъди чошти 17 сентябр баргузор гардид. Меҳмон баъди анҷоми мулоқоташ бо раиси вилоят зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаи вусъати ҳамкории вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Куриё муҳокима шуд. Соҳибкорони мамлакати мо манфиатдоранд, ки ба иқтисодиёти вилоят сармоя гузоранд. Онҳо бо ҳамкасбони тоҷикашон дар соҳаҳои сохтмон, саноати бофандагӣ ва туризми экологӣ ҳамкорӣ кардан мехоҳанд, гуфт сафир. Вай имрӯз, 18 сентябр бо фаъолияти минтақаи озоди тиҷоратии шаҳри Хуҷанд шинос мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҷумҳурии Куриё тақрибан 20 сол пеш ба роҳ монда шуда буданд. Сафорати Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2008 кушода шуд. Яке аз корхонаҳои калони муштараки Тоҷикистону Куриё – корхонаи «Кабоол Текстайлз» мебошад, ки охири солҳои навадуми асри гузашта дар Хуҷанд бунёд карда шуда буд. Дар ин ҷо нахи пахта истеҳсол карда, аз он либоси тайёр дӯхта мешуд. Дар корхона бештар аз 1500 нафар кор мекард. Фаъолияти он қариб 10 сол давом кард. Баъдан корхона бо сабаби фарсуда гаштани таҷҳизот ва қарзҳои калонаш аз ҳисоби андозу истифодаи қувваи барқ ва ашёи хом баста шуд. Айни ҳол як ширкати бинокории Ҷумҳурии Куриё дар наздикии Корхонаи шоҳибофии Хуҷанд чор бинои 25 ошёнаи истиқоматӣ месозад.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






