Ш. ҶОБИРОВ: — СУРХЧА ВА ГУЛАФШОНРО МАҲВ КАРДАН МУМКИН АСТ!
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Новобаста аз муваффақиятҳои зиёд оид ба паст намудани бемории сурхча дар ҷаҳон, ин беморӣ ба гурӯҳи бемориҳои сироятӣ дохил мешавад, ки ҳоло сабабгори фавти зиёди кӯдакон гардидааст. Барои пешгирӣ намудани ин беморӣ Вазорати тандурустии ҶТ аз 28 сентябр то 12 октябр дар ҷумҳурӣ гузарондани Рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшонро баргузор менамояд. Оид ба ҷараёни баргузории ин маърака ва паҳлӯҳои дигари бемории мазкур мухбири АМИТ «Ховар» бо директори Маркази ҷумҳуриявии эмтаъминкунӣ Шамсиддин Ҷобиров ҳамсӯҳбат гардид. Шамсиддин Содирович, сабабҳои барангезандаи бемории сурхча аслан кадомҳоянд? Умуман ба бемории сурхча зиёда аз 10% фавти кӯдакони то 5 сола рост меояд. Мувофиқи нишондодҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, гарчанде 80% ва зиёдтар сатҳи фарогирии кӯдакони ҷаҳонро ташкил медиҳад, ҳар сол аз бемории сурхча садҳо ҳазор одамон мемиранд. Барангезандаи бемории сурхча – вирус буда, қобилияту сироятнокии ниҳоят баландро дорост, 95-96% — и кӯдакони бо бемор алоқамандбуда, сироят меёбанд. Асосан бемории сурхча бо оризаҳои худ хеле хатарнок мебошад, ки пеш аз ҳама газаки шуш, газаки гӯш, таъсироти ҷиддӣ ба хун ва ғайра. Бо вуҷуди ин, боз ба паст намудани масъунияти умумии он (паст шудани муқобилиятнокӣ) ба дигар бемориҳои сироятӣ мерасонад. Бо ин мақсад дар соли 2004-ум Бюрои минтақавии Аврупогии ТУТ мақсад гузошт, ки то соли 2010-ум бемории сурхча ва гулафшонро маҳдуд намуда, ба сироятёбии таҳҷоӣ роҳ надиҳад. Дар чорчӯбаи амалӣ гардондани дурнамои мубориза бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарондани Рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон ба нақша гирифта шуд. Гарчанде, ки бемории гулафшон бемории хатарнок ба ҳисоб намеравад, сироятёбии занони ҳомиладор аз ин беморӣ ниҳоят оқибатҳои мудҳиш дорад. Дар мавриди сироятёбии зани ҳомиладор дар 3 моҳаи аввали ҳомиладорӣ дар 70% ҳодисаҳо, навзодон бо синдроми гулафшони модарзоди навзодон, яъне оризаҳои вазнин: нобиноӣ, каршавӣ ва нуқсони модарзодии дил таваллуд мешаванд. Пас ин беморӣ низ сироятист? Гулафшон низ бемории сироятшавандаи барангезандаи вирус буда, сарчашмаи ягонаи он танҳо одами бемор ба шумор меравад. Нисбатан аз бемории сурхча сироятнокиаш пасттар буда, аслан дар кӯдакон сабук мегузарад. Беморӣ бо баландшавии таби бадан, бад шудани ҳолати умумӣ, дарди сар, калон шудани бандҳои лимфатикии пушти сар ва ақиби гӯшҳо сар шуда, дар бадани бемор пайдо шудани холчаҳои майда, асосан дар қисми паҳлӯии бадан ва дасту пойҳо, ки тақрибан 5 –6 рӯз нигоҳ дошта мешавад. Гарчанде гулафшонро кӯдакон хеле сабук мегузаронанд, онҳо асосан паҳнкунандагон, хусусияти эпидемиологӣ дар гардиши вируси гулафшон ва асосан сарчашмаи бемории гулафшон барои занони ҳомиладор ба ҳисоб мераванд. Ба ғайр аз ин, дар мавриди синдроми гулафшони модарзод дигар узвҳо низ ба монанди: ҷигар, мағзи сар осеб мебинанд. Ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 110 ҳазор чунин бемориҳо ба қайд гирифта мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳоло системаи назорати эпидемиологӣ аз болои синдроми гулафшони модарзод амал намекунад, барои ин гарчанде беморӣ вуҷуд дорад, расман ба қайд гирифта нашудааст. Роҳҳои пешгирии бемории сурхча кадомҳоянд ва нақшаҳои Шумо дар оянда чӣ гуна аст? Бо мақсади ба сатҳи паст овардан ва дар ояндаи наздик тамоман маҳв намудани бемориҳои сурхча, гулафшон, дар қатори гузарондани эмкунии даврагӣ бар зидди бемории сурхча дар 12 – моҳагӣ ва 6-солагӣ, барои тамоман баркандани гузариши ҳар ду беморӣ, дар мадди аввал маъракаи оммавии эмгузаронӣ зидди ин бемориҳо ва баъдан ворид намудани эмкунии доимӣ бар зидди сурхча ва гулафшон ба тақвими миллӣ амалӣ мегардад. То саршавии давраи эмгузаронии зидди бемории сурхча теъдоди зиёди кӯдакон ба ин беморӣ дучор мешуданд, қисмати зиёди онҳо мефавтиданд, 10-15 сол пеш сурхча баъди давраи муайян, яъне ҳар 4-5 сол баъд, ба хурӯҷи беморӣ меовард. Шумораи беморшудагон ба 5-6 ҳазор нафар мерасид. Баъди гузарондани чорабиниҳои мушаххас, махсусан баъди беҳтар намудани сифатнокии эмкунии доимӣ зидди ин беморӣ ва гузарондани маъракаи оммавӣ дар соли 2004-ум, ки зиёда аз 3 млн. одамонро фаро гирифта буд, сатҳи бемории сурхча сол ба сол паст шуда, дар солҳои 2007-2009 тамоман ба қайд гирифта нашудааст. Чорабинии дар пеш истода имкон медиҳад, ки аҳолии ба бемории сурхча мутобиқро тамоман кам намоянд ва шароити гузариши онро маҳдуд созад. Бо тарзи мукаммал назорат намудани фаъолияти сохторҳои эпидемиологӣ аз болои бемории сурхча ва истифода аз ташхисгоҳи боварибахши ТУТ дар назди Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии тибби профилактикии Вазорати тандурустӣ, бо ташхиси беморон ва гумонбаршудагон ба бемориҳои сурхча ва гулафшон, ба маҳв намудани ин бемориҳо муваффақ хоҳем шуд. Дар давраи Рӯзҳои миллии эмкунӣ зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон, ваксинаи сифатнок, ки аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ сертификат дорад ва ба тамоми талаботҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ аст, истифода бурда мешавад. Ваксинаи сурхча ва гулафшон (СГ) ваксинаи комплексӣ буда аз ду маводи зидди ҳарду беморӣ иборат аст ва дар бадани кӯдак масъунияти пурқувват пайдо мекунад, ки шахси эмшударо то охири умр аз сироятшавии ин бемориҳо эмин медорад. Сифатнокии ваксина ба нигоҳдории занҷири хунукитаъминкунанда дар давоми гардиши ваксина аз муассисаҳои марказӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ то мизи эмкунандагон вобастагии калон дорад. Чун таъмини ин талабот ба кормандони тиб хеле алоқамандӣ дорад, бо ин мақсад кормандони вобаста будаи тиб – аз сатҳи роҳбарияти муассисаҳои тиббии вилоятӣ, ноҳиявӣ ва бригадаҳои эмгузаронӣ омӯзонда шудаанд. Дар амалӣ гардондани ин чорабинии муҳим барои тандурустии ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ бо ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ — Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид, Маркази назорати бемориҳои ИМА ва ғайра ҳамкорӣ мекунанд.