ШАРҲИ НАВИ ҚОНУН
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Дар Душанбе шарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ чоп шуд. Муаллифи китоб олими маъруфи ҳуқуқшинос, мутахассиси варзидаи соҳаи ҳуқуқ, соҳибкорӣ ва масъалаҳои шаҳрвандию молиявӣ, инчунин кишоварзӣ, ҳуқуқи андоз ва ғайра Шавкат Исмоилов мебошад. Мавсуф муаллифи бештар аз 130 асару мақолаи илмӣ аст, ки ба масъалаҳои ташаккули муносибатҳои бозаргонии иқтисодиёт, масъалаҳои ҳуқуқии рушди соҳибкорӣ, шаклҳо ва усулҳои танзими давлатии истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ, таҳқиқи муносибатҳои моликиятдорӣ ва ғайра бахшида шудаанд. Шарҳи нави қонуни мазкур ба мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дар бобати истифодаи он дар мавридҳои гуногун кӯмаки калон мерасонад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






