ШАРТҲОИ БУДУ БОШИ КОТИБОТИ СААД ДАР РУСИЯ ТАҒЙИР ДОДА ШУДАНД
Маскав, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Дар Маскав муншии умумии СААД Николай Бордюжа ва муовини аввали вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Денисов дар бораи ворид сохтани тағйирот ба созишномаи Котиботи СААД ва ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи шартҳои буду боши Котиботи СААД дар қаламрави Федератсияи Русия аз 19 декабри соли 2003 протокол имзо карданд. Мувофиқи он, Котиботи СААД акнун метавонад дар баробари мақомоти федералии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия фаъолияти худро ба роҳ монда, барои ин биноҳоро ишғол намояд. Н.Бордюжа зикр намуд, ки имзои протокол шаҳодат медиҳад, ки Русия ба фаъолияти созмонҳои байналхалқии баъди барҳам хӯрдани ИҶШС ташкилёфта, аз ҷумла, СААД, ИДМ ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия таваҷҷӯҳи калон зоҳир менамояд. Дар маросими имзои протокол сафирони давлатҳои аъзои СААД иштирок доштанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






