ШИРКАТИ «ҚАТАРИ ДИАР» ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соҳили «Кӯли ҷавонон» — и пойтахт ширкати сармоягузори амволи ғайри манқули «Қатари Диар» дар масоҳати 68 ҳазор метрии квадратӣ манзилҳои истиқоматӣ, маркази савдо, мағоза, меҳмонхонаи панҷситорадор, мактаб, чанд иншооти тиббӣ, ки ҳамаи он номи «Диар Душанбе» — ро мегирад, сохта ба истифода медиҳад. Лоиҳа аз рӯи сохтмони иншооти тарҳи замонавидошта сохта мешавад, ки маблағи он 180 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ, меҳмонхонаи панҷситорадор аз 128 ҳуҷра иборат буда, дар дохили он толори конфронсӣ барои 600 ҷои нишаст ба нақша гирифта шудааст. Дар мавзеи сохтмонӣ, биноҳои истиқоматии аз 10 то 16 ошёна ба нақша гирифта шудааст. Директории генералии ширкати мазкур Саъад ал Саъад ба Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон ваъда додаст, ки «Диар Душанбе» то рӯзи ҷашни 20 – солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 – уми сентябри соли 2011 сохта ба истифода дода мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






