СОХТМОНИ МАРКАЗИ ГАРМИДИҲӢ БО КӮМАКИ ЧИН

Сентябрь 15, 2009 10:06

                Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мутахассисони ширкати саҳҳомии холдинги «Барқи тоҷик», Ҷумҳурии Мардумии Чин бо гузоштани хишти аввалин ба сохтмони Маркази гармидиҳӣ дар шаҳраки Лучоб бо иқтидори 200 мегаватт оғоз кард. Сохтмони Маркази гармидиҳиро ширкати чини Tebian Electric Apparatus (TBEA) ба зимма дорад. Қисмати якуми ба кор оғоз кардани марказ ба муносибати 20 – солагии истиқлолият пешбинӣ шудааст ва он бояд соли 2011 ба кор оғоз кунад. Дар назар аст, ки соли 2013 Маркази гармидиҳӣ пурра ба истифода дода мешавад.               Сохтмони маркази гармидиҳӣ дар асоси захираи зиёди ангишти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Маркази гармидиҳӣ баъди пурра ба истифода дода шудан ҳамарӯза 4,8 млн. кВт соат нерӯи барқ истеҳсол карда, 200 ҳазор аҳолии шаҳри Душанберо бо оби гарм , гармӣ таъмин менамояд.               Ба гуфти ҳамин манбаъ, маблағи сохтмони лоиҳа 30 млн. доллари амрикоӣ буда, онро давлати Чин пардохт менамояд.

Сентябрь 15, 2009 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид