СУҲБАТИ САРВАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН БО АҲМАД ҒЕЙТ

Сентябрь 24, 2009 18:01

                 Нимаи дуюми рӯзи 23 – юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз суханронӣ дар мубоҳисоти умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Аҳмад Алӣ Абул Ғейтро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ва татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд. Барои ин фаъол намудани Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ зарур шумурда шуд.                 Оид ба омодагӣ ба Симпозиуми байналмилалии бузургдошти Имоми Аъзам ва ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Конфронси Исломӣ, ки яке моҳи октябри соли равон ва дигаре соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.                    Аҳмад Алӣ Абул Ғейт зиндагии ибратомӯз ва осори гаронмояи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит – Имоми Аъзамро «саҳми намоёни мардуми тоҷик дар рушду нумӯи афкори илмӣ ва фарҳанги исломӣ» арзёбӣ намуда, ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба бузургдошти ин нобиғаи фиқҳи исломӣ баҳои баланд дод.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳуснӣ Муборак ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Сентябрь 24, 2009 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд