СУХАНРОНИИ Э. РАҲМОН ДАР КОНФРОНСИ СЕЮМИ ҶАҲОНӢ

Сентябрь 3, 2009 16:56

        СУХАНРОНИИ Э. РАҲМОН ДАР КОНФРОНСИ СЕЮМИ ҶАҲОНИИ                БАХШИДА БА ПРОБЛЕМАҲОИ ИҚЛИМ                                              Женева, 3 сентябри соли 2009              Ҷаноби мӯҳтарам, Раис,               Ҷанобони мӯҳтарам,              Иштирокчиёни мӯҳтарами конфронс,              Хонумҳо ва ҷанобон!              Тағйир ёфтани иқлим яке аз проблемаҳои нисбатан ҷиддии муҳити зист мебошад, ки кариб ба ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ ва фаъолияти сокинони сайёра дахл менамояд. Маълум аст, ки сабаби асосии тағйироти иқлим дар давоми солҳои охир хеле афзудани хориҷшавии газҳо ва гармӣ ба фазо мебошад. Танҳо дар давоми чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии хориҷ гардидани газҳои гарм ба фазо 70 фоиз ва ҷамъ шудани яке аз ҷузъиёти асосии он — ду окиси гази карбон қариб яку ним баробар афзудааст. Манбаи асосии хориҷ гардидани газҳои гарм ба фазои атрофи Замин соҳаи энергетика мебошад, зеро талаботи асосии халқҳои ҷаҳон ба қувваи барқ ва гармӣ аз ҳисоби сӯзондани навъҳои зеризаминии сӯишворӣ (нафт, газ ва ангишт) қонеъ гардонда мешавад. Дар натиҷа миллиардҳо тонна гази сӯхта, гармӣ ва дуд ба фазо хориҷ мегардад. Дар фазо ҷамъ шудани онҳо сабаби тағйир ёфтани иқлими тамоми ҷаҳон хоҳад гашт. Ҳаминаш ҳам сабаби ташвиши махсус мебошад, ки тамоили имрӯза торафт авҷ мегирад.               Коршиносон изҳори ташвиш менамоянд, ки тағйир ёфтани иқлим, ниҳояти кор, кӯшишҳои кам кардани сатҳи қашшоқӣ ва камбизоатиро комилан барбод хоҳад дод. Мувофиқи далелҳо ва рақамҳои Маърӯзаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи рушди инсоният дар соли 2007, дар натиҷаи гарм шудани ҳаво тақрибан 332 миллион сокини минтақаҳои наздисоҳилӣ ба гурезаҳои экологӣ табдил меёбанд ва 1,8 миллиард сокини сайёра аз истеъмоли оби тоза маҳрум хоҳад гашт.              Тоҷикистон бо шароити мураккаби ҷуғрофии худ яке аз мамлакатҳои қитъаи Осиё мебошад, ки тағйироти иқлим ба он таъсири бештар хоҳад дошт. Ҳарорати миёнаи солона дар мамлакати мо дар давоми 60 соли охир то 1 дараҷаи Селсия баланд шуд, миқдори боришҳои шадид афзуда, миқдори фалокатҳои табиӣ бештар гардиданд. Ҳамаи ин ба мамлакат зарари калони иқтисодӣ мерасонад, ки имкониятҳои мамлакатро дар бобати рушди устувори соҳаҳои асосии иқтисодиёт коҳиш медиҳад.                Қайд кардан лозим аст, ки Тоҷикистон дар байни бештар аз 200 мамлакати ҷаҳон аз ҷиҳати ҳаҷми хориҷ гардидани газҳои гарм ҷои 150 –умро ишғол менамояд. Хориҷ гардидани газҳои гарм дар Тоҷикистон бо назардошти ҳар сари аҳолӣ дар миқёси ҷаҳон хеле кам буда, дар минтақаи Осиёи марказӣ дар ин масъала ҷои охиринро ишғол менамояд. Ин, асосан ба истифодаи қувваи барқ вобаста мебошад. Бештар аз 95 фоизи энергияро дар мамлакати мо нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мекунанд. Фарқи онҳо аз нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ҳамин аст, ки манбаи партовҳои зарарнок нестанд.             Иштирокчиёни мӯҳтарами конфронс,             Тавре ки маълум аст, тағйир ёфтани иқлим ба саломатии одамон, вазъи муҳити зист, соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт ва соҳаҳои ёриррасони он, инчунин соҳаҳои дигари рушди устувори ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Вале дар ин бобат, масъалаи асосӣ таъсири инсоният ба захираҳои об аҳамияти калон дорад, ки дар масъалаи тағйироти иқлим масъалаи нозук ба шумор меравад.                Ин масъала хусусан дар Осиёи Марказӣ ниҳоят муташанниҷ ва тезу тунд гардидааст, зеро дар ин минтақа об на танҳо асоси рушди иҷтимоию иқтисодӣ, балки ҷузъи муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад. Натиҷаи баъзе тадқиқот нишон медиҳанд, ки аз соли 1956 то соли 1990 ҳаҷми пиряхҳои Осиёи Марказӣ бештар аз 3 баробар кам шуда, торафт бештар коҳиш меёбад. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи асосии маҷрои дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, дар давоми қарни ХХ бештар аз сеяк баробар кам шудаанд. Дар мавриди идома ёфтани тамоили имрӯза дар қаламрави Тоҷикистон дар давоми қарни ХХ1 ҳазорон пиряхҳо аз байн рафта метавонанд.                Аҳамияти бузурги иҷтимоию иқтисодии захираҳои обро ба назар гирифта, ҳар чи зудтар барои нигоҳ доштани захираи мавҷудаи пиряхҳо ва барфистони минтақа, тадқиқоти илмии муштарак, ташкили омӯзиши таъсири тағйир ёфтани иқлим ва пиряхҳо ва огоҳ кардани ҷомеаи ҷаҳон аз оқибатҳои он тадбирҳои таъҷилӣ андешидан зарур аст. Аз таърихи Осиёи Марказӣ маълум аст, ки бепарвоӣ ва мусоҳилакорӣ ба масъалаи истифодаи захираҳои табиӣ чӣ гуна оқибатҳои ногувор дошта метавонад. Мо имрӯз ба хушкшавии баҳри Арал амалан иқрор шуда, набояд ба нобуд гардидани пиряхҳо роҳ диҳем, ки манбаи асосии ҳаёт ва зиндагӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Мо дар робита чунин мешуморем, ки айни замон зарурати таъсиси Бунёди байналмилалии наҷоти (ҳифзи) пиряхҳо ба миён омадааст. Бунёди мазкур ҷидду ҷаҳди мамлакатҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонро дар ин соҳаи муҳими стратегӣ муттаҳид сохта метавонад.                Вазъияти Осиёи Марказиро афзоиши босуръати аҳолӣ ва тараққиёти муттасили иқтисодиёти мамлакатҳои минтақа боз ҳам душвортар мегардонад. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, то соли 2030 талабот ба оби тоза дар минтақаи Осиёи Марказӣ нисбат ба имрӯза аз 15 то 20 фоиз меафзояд. Чунин вазъият, бешубҳа, моро ба ташвиши ҷиддӣ наандохта наметавонад. Бештар истифода бурдани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба ивази сӯзишворӣ, ки манбаи асосии олудашавии ҳаво мебошанд, имкон медиҳад, ки хориҷ гардидани газҳо, гармӣ ва дуд ба фазо то андозае кам карда шавад. Дар ин бобат ба захираҳои гидроэнергетикӣ аҳамияти аввалиндараҷа додан лозим аст, ки захираҳои он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ниҳоят фаровон мебошанд. Ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикии танҳо Тоҷикистони мо дар давоми сол 527 миллиард киловатт — соат қувваи барқро ташкил медиҳад, ки аз эҳтиёҷоти солонаи ҳамаи мамлакатҳои минтақа се баробар зиёд аст. Мо имрӯз ҳамагӣ 5 – 6 фоизи захираи мазкурро истифода мебарему халос. Соҳаи гидроэнергетика ғайр аз манбаи таъминоти қувваи барқӣ хеле арзон ва аз ҷиҳати экологӣ безарар буданаш, инчунин аз нуқтаи назари истифодаи устувору бардавоми захираҳои табиӣ барои солҳои оянда аҳамияти калон дорад. Зеро пешгӯӣ карда мешавад, ки захираҳои нафту газ дар давоми солҳои оянда ба охир мерасад. Ҳол он ки баъзе мамлакатҳои минтақа нафту газро барои истеҳсоли қувваи барқ истифода бурда, ҳавои минтақаро заҳролуд месозанд. Масалан, анҷоми сохтмони танҳо Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон дар баробари қобили кишт гардондани бештар аз 3 миллион гектар замин дар ҳавзаи дарёи Ому дар солҳои камобӣ ва хушксолӣ, имкон медиҳад, ки хориҷ гардидани садҳо миллион тонна туршии гази карбонат ба ҳаво пешгирӣ карда шавад.               Тоҷикистон борҳо пешниҳод кардааст ва бори дигар пешниҳод мекунад, ки ҳамаи ин захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ якҷоя ба таври муштарак истифода карда шаванд. Ман имрӯз ҳам аз фурсати мусоид истифода бурда, бори дигар изҳор мекунам, ки мо тайёрем дар ин масъала бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, хусусан мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ кунем.             Дар шароити тағйир ёфтани иқлим инчунин истифодаи оқилонаи захираҳои замин ва об аҳамияти калон дорад. Ин пеш аз ҳама ба қитъаҳои замини обёришаванда дахл дорад. Ки қисми хеле зиёди (бештар аз 90 фоизи ) захираҳои оби минтақаро истифода мебарад. Аз ин рӯ, имрӯз дар шароити афзоиш ёфтани камбуди об дар минтақа ба муқаррар намудан ва истифода бурдани тартиботи нави мелиоративӣ, афзун гардондани самараи системаҳои обрасонӣ, беҳтар сохтани таркиб ва навъҳои зироатҳо диққати аввалиндараҷа додан лозим аст.                Бо вуҷуди ин, омили асосии таъмини амнияти об дар заминаи коҳиш ёфтани маҷрои дарёҳои Осиёи Марказӣ, бешубҳа танзими истифодаи захираҳои об дар миқёси байни давлатҳо мебошад. Қайд кардан лозим аст, ки захираҳои об дар Осиёи Марказӣ нобаробар тақсим шудаанд. Бештар аз 80 фоизи маҷрои асосии дарёҳои ба баҳри Арал резанда дар қаламрави Тоҷикистон ва Қирғизистон ташкил меёбад. Вале зиёда аз 85 фоизи онро Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон истифода мебаранд. Табиист, ки навъу намудҳои ба ҳамдигар мухолифи истифодаи об ва фарқияти мавсимии истифодаи захираҳои обу энергетика ва нобаробар тақсим гардидани онҳо зиддияти манфиатҳои на танҳо иқтисодӣ, балки табии ва инсонии ҷомеъа ва фаъолияти хоҷагидориро ба миён меоранд.               Хонумҳо ва ҷанобон,               Тоҷикистон ба ҳалли проблемаҳои об дар миқёси умумибашарӣ диққати махсус медиҳад. Тавре ба Шумо маълум аст, бо ташаббуси Тоҷикистон ду қатъномаи Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба об – дар бораи Соли байналхалқии оби тоза эълон намудани соли 2003 ва Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кардани солҳои 2005 – 2015 қабул шуданд. Мо ба ҳамаҷониба иҷро гардидани ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи мазкур сидқан манфиатдор мебошем.               Ҳукумати Тоҷикистон бо ин мақсад моҳи июни соли оянда дар шаҳри Душанбе Анҷумани байналхалқиро бахшида ба об баргузор месозад. Ҳадафи он таҳлили дастовардҳои даҳсола ва муқаррар намудани пешниҳодоти мушаххас барои иҷрои муваффақонаи нақшаҳои даври дуюми он мебошад.               Тағйир ёфтани иқлим, ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳаллу фасли проблемаҳои об, аз ҷумлаи масъалаҳои асосии анҷумани оянда хоҳад буд. Мо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ва пеш аз ҳама, созмонҳои дахлдори СММ – ро даъват менамоем, ки барои омода сохтани ин ҷамъомади бузург бо мо ҳамкорӣ карда, дар он дар сатҳи олӣ ширкат варзанд.               Ба диққататон ташаккур.

Сентябрь 3, 2009 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст