ТӮҲФАИ ҚАТАР БАРОИ НАМОЗГУЗОРОНИ ПОЙТАХТ

Сентябрь 10, 2009 09:51

                Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев, давлати Қатар миёни дигар давлатҳои араб яке аз аввалин сармоягузор дар иқтисодиёти Тоҷикистон аст. Соли 2008 Қатар барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон 800 млн. доллари амрикоӣ бо 2 фоизи солона сармоягузорӣ намуд, ки ин пасттарин фоиз миёни ҳама давлату ширкатҳои сармоягузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.               Қатар ният дорад дар пойтахти Тоҷикистон бонки сармоягузории худро кушояд. Бо ин мқсад, шаҳрдорӣ дар кӯчаи Айнӣ замини сохтмонӣ ҷудо намуд, ки бо сохта ба истифода додани ин бонк сармоягузории давлати Қатар дар Тоҷикистон метавонад бештар гардад. Тибқи як созишнома, ки миёни Тоҷикистон ва ин давлати пешрафтаи иқтисодӣ ба имзо расидааст, дар пойтахти Тоҷикистон калонтарин масҷид дар Осиёи Миёнаро бунёд карданист. Аз рӯи лоиҳаи сохтмонӣ дар ин масҷид 50 ҳазор намозгузор дар як вақт адои намоз карда метавонад.     

Сентябрь 10, 2009 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд