ТАҚСИМОТИ АСБОҲОИ ТИББӢ
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Маркази тадбиқи Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ дар доираи тадбиқи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Хатлон, Норак, Сарбанд, Қубодиён ва дигар ноҳияҳо тақсимоти маҷмӯи асбобҳои тиббиро ба охир расонд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсоз бо ҷомеа ва васоити ахбори оммаи Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ Лайлӣ Аҳмадова хабар дод, маркази Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ аз рӯи нақша ба 38 муассисаи тиббии ноҳияҳои таҷрибавӣ ин асбобҳоро ҷудо намудааст. Ҳамчунин, дар вилояти Суғд ин гуна асбобҳо тақсим карда мешаванд. Ҳамаи ин асбобҳо барои кори мунтазами кормандони тиббии ноҳияҳо ва расондани хизмати босифати тиббӣ ба аҳолӣ мебошад. Дар марказҳои саломатии шаҳриву деҳотӣ ва хонаҳои саломатии навбунёд, ки Лоиҳаи мазкур аз таъмири баландсифат баровардааст, ин асбобҳо ва ҷиҳози корӣ фаъолияти духтурон ва ҳамшираҳои тиббиро хуб ва мушкилоти аҳолиро осон мекунад. Инчунин, бояд зикр намуд, ки дар ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Суғду Хатлон Маркази тадбиқи Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ ҳамаи духтурон ва ҳамшираҳоро бо курси бозомӯзии тибби оилавӣ таълим додааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






