ТАҶЛИЛИ 100-СОЛАГИИ АДИБОНИ МАЪРУФИ ТОҶИК
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназар Абубакр). — Моҳи октябри соли ҷорӣ 100-солагии нависандаи маъруфи тоҷик Раҳим Ҷалил ва олими шинохта Лутфулло Бузургзода таҷлил мегардад. Дар ин бора раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қарори дахлдор имзо намуд.Мувофиқи ин қарор 3 октябр ҷашни 100-солагии Раҳим Ҷалил баргузор мегардад. Бо ин мақсад аз ҳисоби Фонди захиравии раиси вилоят 6700 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Дар назар аст, ки то таҷлили ҷашнҳои мазкур оид ба фаъолияти ин шахсиятҳои шинохта мавод нашр гашта, ҳамзамон чорабиниҳои мухталиф баргузор шаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






