ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ПОЙТАХТ

Сентябрь 10, 2009 11:55

                 Душанбе, 10 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-9 сентябр Тоҷикистон қабои идона ба бар дошт. Дар ин рӯзи саиду фархунда 18-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат – Суғду Хатлон, Ҳисору Бадахшон ва пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе чорабиниҳои тантанавӣ гузаронида шуд.                  Маркази асосии ҷашни Истиқлоли ҷумҳурӣ дар пойтахт майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе буд. Дар ин ҷо шоми 9 сентябр тантанаи идона баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирок карда, тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахтро бо ҷашни фархундаи Истиқлол сидқан табрик кард.                 Таъкид шуд, ки Тоҷикистони азизи мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ботадриҷ густариш ёфта, мавқеи худро дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият мебахшад ва барои миллати тоҷик ин мояи ифтихор аст. Раиси шаҳр ҳамзамон иброз дошт, ки аз файзи даврони истиқлол пойтахти мамлакат –шаҳри зебои Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад.                 Далели ин гуфтаҳо ҳамасола дар арафаи идҳои бузург, бахусус ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор додани як қатор иншооти гуногунсоҳа мебошад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки мо бояд ба таҷлили 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ омодагии ҷиддӣ бинем ва онро бо дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо сазовор истиқбол гирем. Мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин самт тибқи нақша корҳои мушаххасро ба иҷро мерасонад.                 Сипас, устодони санъат ва гурӯҳҳои рақсию ҳунарӣ ва сарояндагони ҷавони эстрадаи тоҷик бо суруду таронаҳои дилошӯб, ки ифодагари дастовардҳои даврони Истиқлол, ифтихор аз ватану ватандорӣ буд, ба базми идона шукӯҳи хосса зам намуданд.                   Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Ниёзбек Қаландаров, тантанаҳои идона бо дурахши пурҷиллои шиллик дар фазои майдони «Дӯстӣ» анҷом ёфт.

Сентябрь 10, 2009 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад