ТАҶЛИЛИ 80 — СОЛАГИИ НОҲИЯИ ҒОНЧӢ

Сентябрь 28, 2009 16:58

                  Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – 26 сентябр дар варзишгоҳи ноҳияи Ғончӣ ба шарафи 80 – солагии таъсиси ноҳия ва 70 – солагии таъсиси ҳафтаномаи «Овози Ғончӣ» ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар он раиси вилоят Қоҳир Расулзода, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва меҳмонон аз пойтахти ҷумҳурӣ иштирок намуданд.                   Раиси ноҳияи Ғончӣ Қаҳҳор Ойматов ҷамъомадро кушода, ҳамаи ҳозиронро ба муносибати ҷашни ноҳия табрик намуд.                   Раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии мамлакат Қоҳир Расулзода зикр кард, ки дар давоми солҳои аввали таъсиси ноҳия дар ин ҷо хоҷагиҳои коллективӣ ташкил карда шуданд.                 Меҳнаткашони ноҳия солҳои ҶБВ дар бобати таъмини фронт бо озуқа саҳми калон гузоштанд. Солҳои минбаъда давраҳои муҳими тараққиёти иқтисодии ноҳия ба шумор мераванд. Дар давоми ин солҳо хусусан соҳаи кишоварзӣ тараққӣ карда, дар соҳаи тандурустӣ дигаргуниҳои муҳим ба амл омаданд, соҳаҳои маориф, сохтмон ва саноат муттасил густариш ёфтанд. Ба туфайли сохтмони обанбори Даҳанасой дар мавзеъҳои Қизилӣ ва Даштак масоҳати калони замин қобили кишт гардонда шуд.                   Ноҳия тӯли солҳои истиқлолияти давлатии мамлакат ба дастовардҳои калон ноил гардид. Тӯли ин солҳо аз ҳисоби манбаъҳои гуногуни маблағгузорӣ инчунин бо роҳи ҳашар дар ноҳия 75 муассисаи таълимӣ ва 18 муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд. То охири сол сохтмони хати баландшиддати интиқоли барқи «Ҷануб – Шимол» ба охир мерасад, ки аз ҳудуди ноҳияи Ғончӣ мегузарад.                  Президенти мамлакат таҷрибаи сокинони ноҳияро дар сохтмони мактабҳо, синфхонаҳои иловагӣ ва бемористонҳо бо роҳи ҳашари умумихалқӣ қобили пайравӣ ва омӯзиш номида буд. Ин анъанаи нек имрӯз ҳам давом дорад. Чанд рӯз пеш ба шарафи ҷашни ноҳия дар деҳаҳои Муриёк ва Хушекат аз ҳисоби буҷети вилоят барои сохтмони муассисаҳои маориф ва тандурустӣ 65 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, гуфт Қоҳир Расулзода.                 Раиси вилоят кормандони ҳафтаномаи «Овози Ғончӣ» — ро ба муносибати 70 — солагии он табрик намуда, ба онҳо як компютер ва дастгоҳи чопи лазерӣ тӯҳфа кард.                 Ҳамон рӯз бо иштироки раиси вилоят Қ.Расулзода дар деҳаи Бекот ва Ҷамоати Ғазантарак ду маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд, ки бо маблағи соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудаанд.                 Дар фарҷоми ҷамъомад бо иштироки устодони санъат ва ҳаваскорон консерти калони идона намоиш дода шуд.                    Инчунин дар маркази ноҳия дар бобати омӯзиши таҷрибаи сокинони ноҳияи Ғончӣ дар масъалаи сохтмони биноҳо бо роҳи ҳашар семинари вилоятӣ гузаронида шуд.                    Маълумотномаи АМИТ «Ховар»                   Ноҳияи Ғончӣ 5 ноябри соли 1929 таъсис ёфта буд. Ноҳия баъдан аз соли 1932 то соли 1935 ба ҳайати ноҳияи Уротеппа дохил мешуд.                   Ноҳия 6 январи соли 1965 бо қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз ноҳияи Истаравшан ҷудо карда шуд. Маркази маъмурии он деҳкадаи Ғончӣ мебошад.                    Масоҳати ноҳия 1588 метри мураббаъ ва шумораи аҳолии он то 1 январи соли 2009 — ум 138,2 ҳазор нафар буд. Аз ин ҷумла, бештар 90,1 ҳазор нафари онҳо тоҷикон мебошанд.                   Масоҳати киштзори ноҳия 43,1 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, 14,2 ҳазор гектари он бо роҳи сунъӣ обёрӣ карда мешавад. Соҳаҳои асосии иқтисодиёти ноҳия ғаллакорӣ, сабзавотпарварӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва ғайра мебошанд.

Сентябрь 28, 2009 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт