ТАҶЛИЛИ 80 — СОЛАГИИ «ТОҶИКФИЛМ»

Сентябрь 30, 2009 09:01

                  Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – 16 октябр ба таъсиси студияи киносозии «Тоҷикфилм» 80 сол пур мешавад. Ба ин муносибат дар Душанбе ҷамъомади ботантана баргузор хоҳад гашт.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ба муносибати солгарди таъсиси киностудияи «Тоҷикфилм» филми бадеии «Баҳори як гузар» бори аввал намоиш дода хоҳад шуд. Инчунин филми коргардон Саидҷон Қодирӣ «Набераҳо» пешкаши тамошобинон гардонда мешавад, ки муаллифи он нависандаи маъруф Ғаффор Мирзо буда, намоишномаи филмро шоир Гулназар Келдӣ таҳия намудааст.                 Киностудияи «Тоҷикфилм» соли 1930 бо номи трести «Тоҷиккино» таъсис дода шуда буд. Солҳои аввал дар ин ҷо филмҳои хроникавӣ ва мустанад ба навор гирифта мешуданд. Дар студия аз соли 1935 сар карда, ба офаридани филмҳои овоздор шурӯъ намуданд.                Киностудияи «Тоҷикфилм» соли 1941 бо киностудияи «Союздетфилм» — и Маскав муиттаҳид карда шуд. Ба наворгирии филмҳои пурраметражи бадеӣ дар киностудия аз соли 1957 оғоз ёфт.                   Киностудия аз соли 1938 то соли 1961 Студияи филмҳои бадеии Сталинобод ном дошт ва соли 1961 ба киностудияи «Тоҷикфилм» табдил дода шуд.                  Соли 1970 дар шӯъбаи бойгонии киностудия сӯхтори шадид рух дод, ки дар натиҷаи он бисёр филмҳои мустанад ва бадеии солҳои гуногун ба навор гирифташуда сӯхта нобуд шуданд. Фонди давлатии филмҳои Русия соли 2007 нусхаи 112 филми дар натиҷаи сӯхтор нобудшударо ба «Тоҷикфилм» дод.                  То барҳам хӯрдани ИҶШС дар киностудияи «Тоҷикфилм» ҳар сол 8 филми бадеӣ, 4 филми телевизионӣ, бештар аз 30 филми мустанад ба навор гирифта мешуд. Дар ин ҷо ҳар моҳ маҷаллаи «Тоҷикистони советӣ» ва ҳар се моҳ як маротиба маҷаллаи ҳаҷвии «Калтак» таҳия намуда, теъдоди зиёди филмҳои хориҷӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума карда мешуданд.                   Солҳои гуногун дар киностудияи «Тоҷикфилм» филмҳои машҳури «Марги судхӯр», «Достони Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб», «Ситораи нимашаб», «Достони Сиёвуш», «Посбон», «Фирорӣ», «Асрори оила», «Чашмаи гӯё» ва ғайра ба навор гирифта шудаанд.

Сентябрь 30, 2009 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад