ТАЙЁРӢ БА СОХТМОНИ БИНОИ НАВ
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Мувофиқи қарори моҳи марти соли равон қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ояндаи наздик дар қитъаи замини воқеъ дар сероҳаи хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои Бохтару Бухоро дар наздикии бинои мактаби миёнаи № 1 бинои боҳашамати баландошёнаи «Душанбе – плаза» сохта хоҳад шуд. Баъдан бо қарори дигари раиси шаҳри Душанбе барои интихоби корхонаи пудратии иҷрокунандаи корҳои тайёрӣ ба сохтмони бинои мазкур озмун баргузор гардид. Дар ин озмун Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Сохтмони махсус» ғолиб омад. Акнун вазифаи кӯчондани хатҳои муҳандисии иншооти «Душанбе – плаза» ба зиммаи ҳамин ҷамъияти саҳҳомӣ гузошта шуд. Мутахассисони он корро аз 23 август шурӯъ намуданд. Кӯчонидани хатҳои муҳандисии иншоот бояд то 1 декабри соли равон ба охир расонда шавад. Барои иҷрои ин корҳо 3 миллиону 36 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Н. Қаландаров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки айни ҳол дар ин ҷо 83 коргар дар ду навбат кор мекунад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






