ТАЛАБАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ШИРКАТ МЕВАРЗАНД

Сентябрь 28, 2009 09:34

                  Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 5 то 10 октябр дар Маскав олимпиадаи ҳафтуми байналхалқии забони русӣ баргузор мегардад. Дар он талабагони синфҳои болои мактабҳои мамлакатҳои ИДМ ва соҳили Баҳри Балтика иштирок менамоянд.                  Олимпиада бо ташаббуси Агентии Федералии маорифи Федератсияи Русия ва Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов гузаронида мешавад.                   Аз Тоҷикистон дар олимпиадаи мазкур талабагони синфҳои болои мактабҳои миёнаи рақамҳои 6, 14, 15, 20 ва 21 – и шаҳри Душанбе иштирок хоҳанд кард.                 Роҳбари гурӯҳи талабагони тоҷик, муаллими калони факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Лемара Ҷалилова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки талабагон барои иштирок дар олимпиада аз забону адабиёти рус имтиҳон супориданд. Дар натиҷаи озмун ҳашт нафар талабаи беҳтарин интихоб карда шуд.                 Тамоми хароҷоти рафту омади талабагонро ба Маскав ҷониби Русия ба зимма гирифтааст. Талабагон зимни сафар дар Маскав дар барномаҳои гуногуни фарҳангӣ иштирок менамоянд.

Сентябрь 28, 2009 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад