ТАРКИШИ МУТҲИШ ДАР ХИЁБОНИ С. ШЕРОЗӢ

Сентябрь 25, 2009 11:54

                 Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар натиҷаи хориҷшавии миқдори зиёди гази табиӣ дар дохили бинои истиқоматии ҳуҷраи рақами 43 воқеъ дар хиёбони С.Шерозии ноҳияи Сино-1, ки ба шаҳрванд Толиб Қурбонов тааллуқ дорад, таркиш ба амал омад.                  Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди дафтари матбуоти сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (СРХДО) ВКД Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, ба ҷои ҳодиса РСРХДО ВКД ва гурӯҳи навбатдор бо ду автомашинаи сӯхторхомӯшкунии ноҳияҳои Сино-1 ва Фирдавсӣ фиристода шуданд. Ҳангоми ба ҷои ҳодиса расидани оташнишонон маълум карда шуд, ки аз таркиши газ ҳуҷраҳои рақами 42, 44, 45, 47 ва 50 низ зарари ҷиддӣ дида аз таъсири фишори гази табиӣ деворҳои байнӣ қисман фурӯ рафта, дару тиреза ва панҷараҳои оҳанини тирезаҳо ба масофаи 100 м партофта шуд.                  Дар натиҷаи андешидани чораҳои тактикии оташнишонӣ бо роҳбарии сардори сарраёсат, оташнишон полковники хизмати дохилӣ Маҳмадсаид Каримов дар як вақт 42 нафар истиқоматкунандаи биноро наҷот дод. Сӯхтор, ки масоҳати 5 метри мураббаъро иҳота карда буд, ба зудӣ хомӯш карда шуд. Дар баробари ин истиқоматкунандаи утоқи 46 Собир Раззоқовро, ки аз дуди ғализ заҳролуд шуда буд фавран ба беморхона фиристоданд.                   Дар ҷои ҳодиса тамоми хадамоту мақомот ҳозир буда, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад, сабаби таркиши газ ва сабабгори ҳодиса муайян карда мешавад.  

Сентябрь 25, 2009 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид