ТАШРИФИ НАХУСТИНИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҲИНДУСТОН БА ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 5, 2009 10:58

                Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). — Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил шоми 6 сентябр барои боздиди расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.                Аз Раёсати иттилоотии ВКХ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ин баъди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари нахустини президенти Ҳиндустон ба мамлакати мо мебошад.                 Президенти Ҳиндустон 6 сентябр бо шаҳрвандони мамлакаташ мулоқот хоҳад кард, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.                Қисмати расмии сафари меҳмони олиқадр 7 сентябр дар, Қасри миллат шурӯъ мегардад. Ӯро дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол мегирад. Дар ҳамин ҷо мулоқоти якка ба яккаи сарони ҳар ду давлат баргузор мегардад. Сипас ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар мулоқот хоҳанд кард. Баъди анҷоми он Эмомалӣ Раҳмон ва Пратибха Патил барои воситаҳои ахбори оммавӣ изҳорот хоҳанд дод. Дар ҷараёни сафари президенти Ҳиндустон имзои ягон ҳуҷҷат пешбинӣ карда нашудааст.               Бону Пратибха Патил баъди маросими қабул дар Қасри миллат ба майдони «Дӯстӣ» омада, ба пояи ҳайкали бунёдгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад.               Меҳмони олиқадр дар давоми рӯзи нахустини сафараш бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев ва Сарвазир Оқил Оқилов мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Ҳамроҳи президенти Ҳиндустон гурӯҳи калони соҳибкорону тоҷирони ин мамлакат ба Душанбе меоянд. Онҳо бо ҳамкасбони тоҷики худ мулоқот хоҳанд кард.               Президенти Ҳиндустон 8 сентябр дар тадбирҳои идонаи бахшида ба 18 — солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзад. Ӯ ҳамон рӯз ба шаҳри Кӯлоб рафта, мақбараи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва боғи ба номи Индира Гандиро дар Душанбе зиёрат хоҳад кард.               Пратибха Патил дар шаҳри Наҷаони вилояти Махараштра таваллуд шуда, дар Донишгоҳи Бомбай факултаи ҳуқуқро хатм кардааст. Фаъолияти сиёсии ӯ 1962 шурӯъ мешавад. Вай ҳамон сол аз Ҳизби Конгресси миллии Ҳиндустон вакили ассамблеяи вилояти Махараштра интихоб гардид. Баъди пароканда шудани Ҳизби Конгресси миллӣ ва шикасти И.Ганди дар интихоботи соли 1977 П.Патил ҷонибдори сулолаи Неру ва Ганди боқӣ монда дар ассамблеяи вилоят ба гурӯҳи мухолифин роҳбарӣ кард.                П.Патил дар давоми солҳои 1985 – 90 вакили палатаи болоии парлумони федералӣ ва аз соли 1986 ва 1988 ноиби раис ва аз соли 1991 то соли 1996 вакили палатаи болоии парлумони мамлакат аз округи Амравати буд.               П.Патил баъди ин то соли 2004 аз ҳаёти сиёсии мамлакат дур шуд. Соли 2004 баъди ғалабаи Ҳизби Конгресси миллии Ҳиндустон дар интихоботи умумӣ волии вилояти Раҷастхон таъин гардид.                Ҳизби Конгресси миллӣ соли 2007 номзадии П.Патилро ба вазифаи президенти мамлакат пешбарӣ намуд. П.Патил дар интихобот ғалабаи комил ба даст овард. Ӯ дар таърихи Ҳиндустон нахустин зан мебошад, ки Президенти мамлакат интихоб шудааст.

Сентябрь 5, 2009 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид