ТАШРИФИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ САМБОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БА ТОШКАНД

Сентябрь 29, 2009 15:12

                Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Раиси Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ Маҳмуди Абдулло барои боздиди серӯзаи корӣ ба Тошканд рафт. Вай зимни сафар бо раиси Федератсияи самбои Осиё, профессор Фазлиддин Пӯлодов мулоқот кард. Зимни сӯҳбат масъалаҳои ташкилии фаъолияти Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ ва рушди самбо дар қитъаи Осиё муҳокима карда шуданд.                  Мусоҳибон зимни баррасии ҷадвали мусобиқа масъалаҳои тайёриро ба мусобиқаи нахустини байналхалқӣ муҳокима карданд, ки барои поси хотири варзишгари машҳури тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов аз 3 то 5 октябр дар шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.                   Ф.Пӯлодов ваъда дод, ки барои ташкилу гузаронидани мусобиқа ҳамаҷониба кӯмак хоҳад расонд. М.Абдулло бо ҷараёни сохтмони Академияи самбои Осиё шинос гардида, ба он баҳои баланд дод. 

Сентябрь 29, 2009 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд