ТАШРИФИ СЮ ВОРДЕЛ БА ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 19, 2009 11:49

                 Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Мудири шӯъбаи мамлакатҳои Шарқи наздик, Осиё ва минтақаҳои баҳрии Вазорати рушди байналхалқии Британияи Кабир бону Сю Вордел 21 сентябр барои боздиди расмии дурӯза ба Тоҷикистон меояд.                   С.Вордел зимни мулоқот бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои бартараф сохтани душвориҳои рушди минбаъдаи Тоҷикистон, дастгирии созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, корхонаю ширкатҳои Британияи Кабирро дар ҳалли ин проблемаҳо муҳокима хоҳад кард. Меҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар карда, бо рафти иҷрои барномаҳое шинос мегардад, ки бо кӯмаки Британияи Кабир амалӣ карда мешавад.                С.Вордел 22 сентябр пеш аз анҷоми сафараш дар Маркази ҷумҳуриявии матбуот барои хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ташкил хоҳад кард.

Сентябрь 19, 2009 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд