ТАЪСИСИ МАРКАЗҲОИ ИТТИЛООТИВУ МАШВАРАТӢ
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занон аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғдмарказҳои иттилоотиву машваратӣ таъсис дода шуд. Бино ба гуфти раиси кумитаи мазкур, Матлубахон Сатторова. Дар марказҳои иттилоотиву машваратӣ равоншиносон ва ҳуқуқшиносони касбӣ ба шаҳрвандон ёрии ройгони ҳуқуқӣ мерасонанд. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба 1749 нафар шаҳрвандон кӯмаки ҳуқуқӣ расонида шуд, ки 1029 нафари онро занон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин ба 364 нафар занон оид ба ҳаёти оилавӣ ва ба 311 нафар оид ба баҳсҳои замин ва хоҷагиҳои деҳқонӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шудааст








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






